Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

КДАМ Тоҷикистон: Нерӯҳои қирғиз ба Кехи Исфара бо миномёту пулемёт ҳамла карданд

© Sputnik Илья Буяновский Въезд в Ворух, архивное фото
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тоҷикистон сарҳадбонони қирғизро дар гулӯлаборон кардани постгоҳи сарҳадии Кех, дар ҷамоати Ворух муттаҳам карда, ин амалро моҷароҷӯӣ хондааст
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Сарҳадбонони дидбонгоҳи марзии Булакбошии Бодканди Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии Кехи отряди сарҳадии Исфараи Тоҷикистон аз миномёт гулӯла партофтаанд.
Дар ин бора Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех" парондаанд.
Патроны калибра 7,62 для автомата Калашниковам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Таъкид шудааст, ки сипас мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои автомату пулемёти Калашников ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт.
"Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд", - омадааст дар иттилоия.
КДАМ изҳор доштааст, ки дар ин вазъият нерӯҳои Тоҷикистон оташи ҷавобӣ кушодаанд.
Дар мавриди талафот аз ҷониби Тоҷикистон дар изҳороти нерӯҳои марзбонии КДАМ иттилое дода нашудааст.
Ин ниҳод афзудааст, ки айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон марзбонони тоҷикро муттаҳам мекунад, ки дар минтақаи муайяннашудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд ва дар посух ба талаботи низомиёни қирғиз барои тарки ин макон оташ кушодаанд. Таъкид гардидаст, ки аз ҷониби Қирғизистон дар ин даргирӣ талафоте нест.
Лентаи хабарҳо
0