Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Макони даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон - тасвирбаён

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар мавзеи Кех боз миёни нерӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух дод, ки ба иттилои бархе аз манобеъ, дар натиҷа марзбонони тоҷик куштаю маҷруҳ шуданд
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпарронии субҳи 14 сентябр дар мавзеи Кех айбдор мекунанд. Даргирии қаблӣ дар ин макон расо 3 моҳ қабл, 14 июн рух дода буд.
КДАМ Тоҷикистон ахиран иттилоъ дод, ки тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех"-и Исфара парондаанд.
Таъкид шудааст, ки сипас мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои автомату пулемёти Калашников ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт.
"Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд", - омадааст дар иттилоия.
КДАМ изҳор доштааст, ки дар ин вазъият нерӯҳои Тоҷикистон оташи ҷавобӣ кушодаанд.
Ин ниҳод афзудааст, ки айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.
Манбаъ: Як марзбони тоҷик куштаю 2 нафари дигар маҷруҳ шудаанд
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон марзбонони тоҷикро муттаҳам мекунад, ки дар минтақаи муайяннашудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд ва дар посух ба талаботи низомиёни қирғиз барои тарки ин макон оташ кушодаанд. Таъкид гардидаст, ки аз ҷониби Қирғизистон дар ин даргирӣ талафоте нест.
Мақомоти тоҷик расман дар бораи талафот дар ин даргирӣ иттилоъ надодаанд, аммо бархе манобеъ аз ҳалокати як марзбони тоҷик ва ҷароҳати шадиди 2 нафари дигар иттилоъ доданд.
Лентаи хабарҳо
0