Толибон хостори ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай шуданд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПредставитель движения "Талибан"
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири саноати толибон барқарории равобит бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро барои тавсеаи Афғонистон хостор шуд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Нуриддин Азизӣ, вазири саноати толибон ҳамкории кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро барои тавсеаи Афғонистон хостор шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба манобеаш.
“Мо аз тамоми кишварҳо мехоҳем то бо мо барои мубориза бо фақр дар Афғонистон ҳамкорӣ кунанд”, - гуфт ӯ.
Тамоюл дорем бо тамоми кишварҳо ба хусус кишварҳои узви СҲШ робитаи тиҷорӣ дошта бошем ва ҷаҳон набояд Афғонистонро ба ҳоли худ раҳо кунад.
Ин мақом бо баёни ин ки амнияти Афғонистон, амнияти минтақа ва ҷаҳон аст аз Амрикои хост то манобеи арзии Афғонистонро озод кунад.
Нишасти ин созмон дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ба таърихи 15 - 16 сентябр баргузор мегардад.
Президент Чешской Республики Милош Земан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Раисҷумҳури Чехия: Берун шудани НАТО аз Афғонистон як иштибоҳ буд
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0