Ҷудокорони тоҷик рақибонашонро дар як мусобиқаи бонуфуз "пора" хоҳанд кард

© Международная федерация дзюдоТаджикские дзюдоисты
Таджикские дзюдоисты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар чемпионати ҷаҳон беҳтарин ҷудочиёни ҷумҳурӣ барои гирифтани ҷойҳои асосӣ мубориза мебаранд: варзишкорон аз миёни 140 мамлакат бо онҳо қувваозмоӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 6 то 13 октябр дар Тошканд баргузор мешавад, меравад.
Ба ҳайати даста 9 варзишгар шомиланд: Нуралӣ Эмомалӣ (вазн - 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг) , Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Абубакри Акобир (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).
Инҳо бехтарин ҷудокорони ҷумҳурӣ мебошанд, ки чӣ дар мусобиқаҳои дохили мамлакат ва чӣ дар қаҳрамониҳои бузурги байналхалқӣ борҳо ширкат кардаанд.
Таджикский дзюдоист Нурали Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Орзуи кӯдакӣ амалӣ шуд: ҷудокори тоҷик сирри муваффақияташро ошкор кард
Ҳар кадоми онҳо дар кулвори худ муваффақиятҳои зиёд доранд. Дар раддабандии тимҳои ҷаҳон, ки 172 кишварро ташкил медиҳад, Тоҷикистон дар зинаи 41-ум қарор дорад. Ҷумҳурӣ бо 13253 хол дар ин зина нишастааст.
Ба панҷгонаи беҳтарин Ҷопон, Русия, Фаронса, Бразилия ва Олмон шомиланд.
Аз рӯи рейтинг, ҷудокорони пурқувват дар Қазоқистон мебошанд. Ҷумҳурӣ дар ин рӯйхат ҷои 12-умро ишғол мекунад. Ӯзбекистон дар хати 17-ум, Қирғизистон дар 48-ум ва Туркманистон дар 66-ум ҷойгир шудаанд.
Дар байни варзишкорони тоҷик Раҳимов натиҷаҳои бехтаринро дорад. Вай дар вазни +100 кг аз зинаи 3-юм ба зинаи 1-ум баромад. Ҳоло ҷудокор 3985 хол дорад.
Дар мақоми дуюм - Устопириён дар вазни 90 кг. Ӯ дар ҷаҳон ҷои 9-умро (2587 хол) мегирад. Пештар ин варзишгар мақоми 13-умро ишғол мекард.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2022
Иштироки ҷудокорони собиқадори тоҷик дар чемпионати ҷаҳон таҳти мураббигии Устопириён
Дар вазни 90 кило дар байни тоҷикон Маҷидов сеюм аст. Вай 15 зина боло рафт, ба ҷои 34-ум баромад. Варзишгар 881 хол дорад.
Ризоев дар вазни худ 51-ум (766 хол), Хоҷазода 52-юм (777 хол) ва Сарахонов 57-ум (680 хол) мебошанд.
Маҳмадбеков вазни 73 килоро ба 81 кг иваз кард ва ҳоло дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 350 имтиёз дар ҷои 87-ум қарор дорад. Бояд гуфт, ки дар чемпионат варзишгарони 140 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Лентаи хабарҳо
0