Мирзиёев аз СҲШ хост, роҳи фароафғонистониро пуштибонӣ кунад

© Sputnik / Asatur YesayantsЖелезная дорога
Железная дорога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз дурнамои тарҳи роҳи оҳани фароафғонистонӣ тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон аз кишварҳои узви СҲШ хост, роҳи оҳани Тирмиз - Пешоварро дастгирӣ кунанд.
Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ, ҳамчунин пуштибонӣ аз бунёди роҳи оҳан аз тариқи Ӯзбекистону Қирғизистон ба Чинро пешниҳод намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Мирзиёев қаблан низ аз роҳи оҳани фароафғонистонӣ тавсиф карда, изҳор дошт, ки он кишварҳоро ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, ки дорои аҳолии беш аз 2-миллиарднафарӣ мебошад, мепайвандад.
Тавсифи раисҷумҳури Ӯзбекистон аз ин тарҳ дар ҳолест, ки Бахтурраҳмон Шарофат, раиси Идораи роҳи оҳани Афғонистон қаблан гуфт, гурӯҳи коршиносони фаннӣ кори худро дар ин тарҳ оғоз хоҳанд кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и премьер-министр Пакистана Шахбаз Шариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2022
Раҳмон ва нахуствазири Покистон дар СҲШ мавзуъҳои терроризм ва Афғонистонро матраҳ карданд
Бар асоси ин барномаи роҳи оҳани Афғонистон, хатти роҳи оҳани “Транс афғон” аз Мазори Шариф, Самангон, Пули Хумрӣ, Кобул, Лугар ва Ҷалолобод гузашта, дар ниҳоят ба Покистон мерасад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли равон низ дар шаҳри Тирмиз нишасти гурӯҳҳои Ӯзбекистон - Афғонистон - Покистон баргузор шуд, ки дар он ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мақомоти Афғонистон бар ин назаранд, ки хатти роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул – Пешовар метавонад тарҳи таъсиргузоре барои ояндаи минтақа бошад. Таъкид гардид, ки аз дербоз Афғонистонро ба далели нақши муттасилкунандааш байни бахшҳои мухталифи қора Қалби Осиё номгузорӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0