Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ - видео

Обуна шудан
Ҷаласаи васеи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд таҳти раёсати Ӯзбекистон оғоз гардид
Сарони давлатҳои узви СҲШ масоили иқтисоди ҷаҳонӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва энергетикӣ ва тавсеаи созмонро баррасӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар доираи ин нишаст сарони кишварҳои узви ин созмон 28 санадро қабул кунанд.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0