Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Раҳмону Ҷабборов вазъи марзро баррасӣ карданд: Чӣ созиш ҳосил шуд?

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо ҳамтои қирғизаш даргириҳои ахири марзиро баррасӣ кардаст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон нерӯҳои иловагиро аз марз бозпас хоҳанд гардонд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов ба тавофуқ расидаанд.
Зимни мулоқоти президентҳо, ки дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд баргузор гардид, таъкид шудааст, ки роҳбарони мақомоти давлатии амнияти миллӣ дар макони ҳодиса корбарӣ хоҳанд кард.
Инчунин Комиссияи муштарак барои таҳқиқи даргириҳои ахири марзӣ ташкил карда мешавад.
Дар зимн таъкид намудааст, ки кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории марз суръат бахшида шавад.
переговоры Ташиева и Ятиова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2022
Созиши Ятимов ва Тошиев барои оташбас: Гуфтушунид дар марзи Ӯзбекистон гузашт - акс
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он номуайян боқӣ монда, боиси танишҳо дар сарҳад мешавад.
Даргирии ахири марзӣ субҳи 16 сентябр рух дода, ҳудуди 10 соат давом кард. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд. Ҷонибҳо аз соати 14:30 оташбас эълон карданд ва гуфта мешавад, ки феълан шиддат дар марз коҳиш ёфтааст.
Расман мақомоти тоҷик шумораи талафоташро ҳанӯз баён надоштааст, аммо манобеъ аз кушта шудани ҳадди ақал 7 мулкӣ ва ҷароҳат бардоштани 15 нафар хабар доданд. Ҷониби Қирғизистон теъдоди осебдидагонашро ҳудуди 42 нафар арзёбӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0