Душанбе ба низоми пардохти ғайринақдӣ мегузарад

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкВалидатор для бесконтактной оплаты проезда
Валидатор для бесконтактной оплаты проезда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон тамоми нақлиёти мусофиркашонӣ дар ду марҳилаи ояндаи наздик пурра ба пардохти ғайринақдӣ мегузарад, ки он шаффоф арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 17 сент — Sputnik. Душанбе тадриҷан ба пардохти ғайринақдии хидматрасонӣ мегузарад.
Пеш аз ҳама, тағйирот ба ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксиҳо низ дахл хоҳад кард.
Дар ин бора, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода зимни як ҷаласа б кормандони соҳаи нақлиёти мусофирбари пойтахт иброз намуд, хабар медиҳад МДК "Душанбенаклиётхадамотрасон".
Илова бар ин, ӯ зикр кард, ки дар оянда 80-85%-и тамоми пардохтҳо дар шаҳр аз тариқи низоми электронӣ сурат мегирад.
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Гузариш ба низоми ғайринақдӣ: шумори дорандагони кортҳои бонкӣ дар Тоҷикистон меафзояд
Ӯ гуфт, амалишавии қарори шаҳрдори Душанбе дар бораи гузаштан ба низоми пардохти электронии роҳкиро дар ду марҳила, марҳилаи якум дар автобусу троллейбусҳо, ки он алакай амалӣ гардида, мавриди иҷро қарор дорад ва марҳилаи дуюм дар дигар воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз қабили воситаҳои нақлиёти микроавтобус ва кироякаш амалӣ карда мешавад.
Таъкид мешавад, ки амалишавии низоми мазкур, ин пеш аз ҳама, ба шаффофият ва беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт замина мегузорад.
Ҳамчунин ҶСП "Душанбе сити бонк" ба иштирокдорони ҷаласа Пос-терминал (таҷҳизоти тавассути корт пардохткунандаи маблағ) рӯнамоӣ кардааст, ки гуфта мешавад, он дар нақлиёт насб карда шуда, на танҳо корти нақлиётӣ, балки ҳама гуна кортҳои бонкии Тоҷикистонро қабул менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0