КДАМ Тоҷикистон гуфт, Қирғизистон барои иғвои навбатӣ ба марз нерӯ мекашад

© Sputnik / Эмиль СадыровПограничная вышка в Киргизии. Архивное фото
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
Обуна шудан
Мақомоти тоҷик аз вазъи нисбатан ороми марз гузориш дода, аммо таъкид мекунанд, ки ҷониби Қирғизистон дар хатти марз нерӯ ҷобаҷо мекунад
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба ҳолати 10:00-и 17 сентябри соли 2022, вазъият дар хати сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад. Вале дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад.
Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
"Чунончӣ, аз самти маҳаллаҳои Самарқандак ва Коктоши ноҳияи Боткен ҷониби мавзеъҳои наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз силоҳҳои гурӯҳӣ тирпарронӣ сурат мегирад", - афзудааст манбаъ.
Хадамоти марзбонӣ мегӯяд, ҳамзамон бо ин, ҷобаҷокунии қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар хати сарҳад ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои ҷангӣ мушоҳида мегардад.
Ин амалҳо ба гуфтаи мақомот аз омодагӣ ба амалҳои навбатии иғвоангезонаи низомиёни қирғиз ҷиҳати ноором кардани вазъият шаҳодат медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҷонибдори барқарор намудани амну субот дар марзи ду кишвари ҳамҷавор буда, тамоми талошҳоро барои баргузор намудани гуфтушунидҳо ва ҳал намудани муноқиша бо роҳҳои дипломатӣ равона намудааст.
Лентаи хабарҳо
0