Низомиёни қирғиз новобаста аз оташбас қаламрави Тоҷикистонро дубора тирборон карданд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкАвтомат Калашникова, архивное фото
Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
Обуна шудан
Низои марзӣ ба сарҳадоти шарқии Тоҷикистон расид. Низомиёни қирғиз дидбонгоҳи марзии“Сарҳадчӣ”-и Отряди сарҳадии “Лахш”-и КДАЧ-ро тирборон кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 сент — Sputnik. Ҷониби Қирғизистон новобаста аз мувофиқаҳои бадастовада, ҷониби Тоҷикистонро тирборон мекунанд.
Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, соати 07:30-дақиқаи 17-уми сентябр, вобаста ба иҷро намудани шартҳои оташбаси эълоншуда, вохӯрии фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ду ҷониб масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд.
Повреждённые дома жителей деревни Чоркух из-за перестрелки на границе Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
ВКД Тоҷикистон Қирғизистонро ба нақзи оташбас муттаҳам кард: ба мулкиён ҳамла карданд
Вале ба гуфти мақомомт, новобаста аз мувофиқаи бадастомада, соати 11:10-дақиқаи имрӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, кор гирифтааст.
Гуфта мешавад, ӯ худсарона, барои зери тирборон қарор додани дидбонгоҳи сарҳадии “Душанбе”-и Отряди сарҳадии “Исфара” ва маҳаллаи “Сомониён”-и шаҳри Исфараи ҶТ бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст.
"Ҳолати мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фармондеҳони алоҳида ба ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон итоат намекунанд",- афзудааст манбаъ.
Илова бар ин, соати 11:50-дақиқаи ҳамин рӯз қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии “Сарҳадчӣ”-и Отряди сарҳадии “Лахш”-и ҚС КДАМ ҶТ оташ кушоданд.
Маврид ба зикр аст, ки паҳнои таниш ба дасти низомиёни қирғиз ҳамакнун ба манотии марзии Тоҷикистон дар водии Рашт, ноҳияи Лахш кашонида шуд.
Лентаи хабарҳо
0