Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Гилаи Душанбе: Ҷабборов Тоҷикистонро "душман" хитоб кард

© Пресс-служба президента КыргызстанаФлаги Таджикистана и Кыргызстана
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз душмантарошиҳои ҷониби Қирғизистон интиқод кардааст, ки бо ин кораш вазъ дар марзро шиддат мебахшад
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҷониби Қирғизистон бо дурӯғпароканию душмантарошӣ карда, азм дорад, дар симои Тоҷикистон "таҷовузкор" тасвир созад.
Ин нуктаро Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот баён кардааст. ВУХ Тоҷикистон бо таъкиди он ки ҷониби Қирғизистон борҳо бо нақзи тамоми меъёрҳо қаламрав, сокинони осоиштаю инфрасохтори мулкиро ҳадафи зарба аз аслиҳаи вазнин қарор додаст, афзуд, ин кишвар боз азми душмантарошӣ дорад.
Ин ниҳод аз ҷумла зикр кардааст, ки рӯзи 17 сентябр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни муроҷиат ба мардумаш дар хитоб ба Тоҷикистон калимаи "душман"-ро кор бурдаст, ки хилофи рӯҳияи дӯстию ҳамсоядории нек мебошад.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Путин аз Раҳмону Ҷабборов хост, созиш кунанд: Русия омодаи миёнҷигарист
Маврид ба зикр аст, ки Ҷабборов ахиран дар робита ба даргириҳои марзӣ аз мардонагии сарҳадбононаш тавсиф кард, ки "дар баробари душман истод шуданд".
Вай бо баёни ҳамдардӣ ба пайвандони ҳамватанҳои қурбоншудааш, афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон низ талафоти зиёд додаст. Ҷабборов таъкид намуд, ки талош мекунанд, корҳо барои аломатгузории марзро таҳким бахшанд.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғози даргирӣ ва шиддати вазъ муттаҳам мекунанд.
Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ гардида, музокираи ҷонибҳо идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0