Фоҷиаи Чоркӯҳ: шаш узви як хонавода чӣ гуна кушта шуданд? - видео

Обуна шудан
НовостиTelegram
Аъзои як хонавода аз ҷамоати Чоркӯҳ ба ҳисоби модаре, ки дар батнаш тифл дошт, аввал дар манзилашон захмӣ гардида, баъдан, дар роҳ ба бемористон кушта шуданд
Мошини ёрии таъҷилӣ, ки онҳоро ба Бемористони шаҳри Исфара мерасонд, дар болои пули воқеъ дар ҳудуди деҳаи Чорқишлоқи Исфара ҳаммарз бо деҳаи Қаробоғи Ботканд ҳадафи гулулаборон қарор гирифта ҳамроҳ бо ҳама афроди дар дохил буда ба коми оташ рафт.
Пас аз гуфтушунид роҳи Чоркӯҳ - Ворух боз шуд
Пайвандони ин хонавода мегуянд, ин ҳодисаи мусибатангез субҳи рӯзи 16 сентябр рух дод ва якбора шаш узви хонавода ба ҳисоби се тифли маъсумро аз байни онҳо рабурд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса Муҳайё Фозилова, модари хонадон, келинҳояш Садоқат, ки дар ҳашт моҳи ҳомиладорӣ қарор дошт ва Дилноза ҳамроҳ бо кӯдаконашон Муҳаммадимрони Илҳомҷон ва Асомахони Амриддин кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0