Алиев барои пайвастан ба UFC вориди майдон мешавад

CC BY-SA 4.0 / commons.wikimedia.org/Nurullo Aliev / Нурулло Алиев
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Обуна шудан
Размикори тоҷик, ки қаблан интизор мерафт, бо варзишкори арманӣ зӯрозмоӣ кунад, бо ҳарифи амрикоияш барои роҳхат ба UFC сабқат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Сабқати Нурулло Алиев, варзишкори тоҷик бо Ҷош Уики амрикоӣ 21 сентябр, соати 06:00 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.
Ба иттилои телевизиони "Варзиш", муҳорибаи мазкур, ки барои Алиев деринтизор буд, дар шаҳри Лас-Вегас сурат мегирад.
Дар сурати пирӯзӣ Алиев имкон дорад аввалин намояндаи Тоҷикистон дар лигаи UFC шавад.
Қаблан рақиби размикори шикастнадидаи тоҷик, Наир Меликяни арманӣ таъйин шуда буд, аммо гуфта мешавад, ӯ ба далели масоили марбути раводид натавонист худро саривақт ба ҷои сабқат расонад.
Турнир FMR Fighting Championship - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2022
Размикори тоҷик барандаи камарбанди биринҷии лигаи ММА шуд
Маврид ба зикр аст, ки Алиев пештар аз имзои созишнома бо ташкилоти Дана Уайт - "Dana White Contender Series" хабар дода, ба роҳбари UFC, дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин имконият сипос гуфтаст.
Паҳлавони ҳунарҳои размии омехта аз Тоҷикистон, ки то ҳол ҳич шикасте надидааст, бо ташкилоти "Dana White Contender Series" шартнома ба имзо расонд. Агар дар ин ташкилот ғалаба ба даст биёрад, имкони роҳ ёфтан ба UFC барои ӯ пайдо мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки то ин марҳила пеш аз Нурулло Алиев, размикорони дигари тоҷик, аз ҷумла Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида, имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лек мағлуб шуда буданд.
Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори умед кардаанд, ки Тоҷикистон низ соҳиби размикори худ дар созмони UFC хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0