Интиқоли пул осону арзон мешавад. Иқтисоддон суди пайдоиши сомонӣ дар биржаи Маскавро гуфт

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Обуна шудан
Интиқоли маблағи хориҷиён ба ватанашон осону арзонтар мешавад, аммо ҳаҷми додугирифти асъор аз теъдоди ин амалиётҳо вобаста хоҳад буд, мегӯяд коршинос
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Пайдоиши пулҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар биржаи Маскав васоили тиҷорӣ байни кишварҳо ва интиқоли маблағи муҳоҷирони корӣ ба ватанҳои онҳоро густариш медиҳад.
Ин нуктаро Антон Табах, иқтисоддони аршади оҷонсии "Эксперт РА" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, интиқоли маблағи шаҳрвандони хориҷӣ ба ватанашон дар ин сурат осону арзонтар мешавад. Ӯ ба гумон хонд, ки пули миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои сармоягузорӣ истифода шавад.
"Ҳаҷми додугирифт аз ҳаҷми амалиётҳо вобаста хоҳад буд. Азбаски истифодаи ин пулҳо бо мақсадҳои сармоягузорӣ ба гумон аст, гардиши бузург дар назар нест", - афзуд Табах.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Дмитрий Волвач, муовини вазири рушди иқтисоди Русия, гуфт, гузариш ба пули миллӣ барои афзоиши гардиши мол миёни ФР ва Тоҷикистон зарур аст.
Волвач тавзеҳ дод, ки ҳоло миёни Маскав ва Душанбе 57%-и ҳисоббаробаркуниҳо дар додугирифти мол бо асъори миллӣ анҷом дода мешавад. Аллакай як қатор асъори кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ИДМ дар биржаи Маскав дар ҷуфт бо рубл фаъолона муомилот мешаванд.
Ин ҳам ба тиҷорат ва ҳам ба сармоягузорӣ таъсири мусбат мерасонад, гуфт мақомдор.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2022
Агар сомонӣ дар биржаи Маскав пайдо мешавад, чӣ мешавад: посухи Вазорати иқтисоди Русия
Волвач хулоса кард, ки дар ояндаи наздик ҷуфти "рубл - сомонӣ" бояд дар бузургтарин биржаи Русия пайдо шавад.
Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш дар биржаи Маскав муомилот бо суми ӯзбекӣ оғоз шуд.
Тоҷикистон бо Русия масъалаи гузариш ба ҳисоббаробаркуниро бо пули миллӣ баррасӣ мекунад Ҷуфти нави асъор имкониятҳоро барои иштирокчиёни бозор ва муштариёни онҳо васеъ намуда, инчунин барои рушди ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ барои субъектҳои хоҷагидории ҳарду кишвар як ангезаи иловагӣ мегардад. Соми қирғизӣ ба зудӣ дар сайт пайдо мешавад.
Лентаи хабарҳо
0