Вокунишҳо ба ҳазфи вожаи форсии “донишгоҳ” аз лавҳаи сохтмони ҷадиди Донишгоҳи Балх

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Обуна шудан
Ҳазфи вожаи форсии “донишгоҳ” аз лавҳаи Донишгоҳи Балх, ки ахиран аз сӯйи толибон сурат гирифт, бо вокунишҳои густардаи сокинони ин вилоят рӯ ба рӯ шудааст
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар ҳоле ки муддати каме аз ҳазфи вожаи форсии шифохонаи ҳавзавии вилояти Ҳирот мегузарад, ба тозагӣ вожаи “донишгоҳ” аз лавҳаи сохтимони ҷадиди Донишгоҳи Балх низ ҳазф шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Шаҳрвандони вилояти Балх таъйид мекунанд, ки толибони вожаи "донишгоҳ"-ро аз лавҳаи донишгоҳи давлатии ин вилоят ҳазф кардаанд.
Онон мегӯянд Афғонистон хонаи муштараки афғонҳост ва бояд вожаи поҳантун ва донишгоҳ канори ҳам навишта шаванд то нишондиҳанда ваҳдати миллӣ миёни шаҳрвандон Афғонистон бошад.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Толибон: Тоҷикистону Қирғизистон мушкилоти марзиро аз роҳи музокираву тафоҳум ҳал кунанд
Онон мегӯянд дар ду тарафи ин лавҳа ба забони паштӯ навишта шуда ва насб шудааст.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққат толибон мегӯяд ин тасмим бар асоси қонуни вазорат гирифта шудааст.
Ба гуфта вай, дар қонун танҳо вожаи “поҳантун” омадааст ва чизе ба ном “донишгоҳ” вуҷӯд надорад.
Ӯ меафзояд, ки ба ҷои лавҳаи “дарӣ” донишгоҳи Балх калима “пуҳинтун” ҷойгузин хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0