Фармони Ҷинпин барои тамаркузи артиши Чин ба амалиёти воқеии ҷангӣ

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий армии Китая наблюдает в бинокль за соревнованиями
Военнослужащий армии Китая наблюдает в бинокль за соревнованиями  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2022
Обуна шудан
Чин азм дорад, бо пиёда кардани ислоҳот қувваҳои мусаллаҳи худро аз пешгомҳои ҷаҳон табдил диҳад, ки тавони посух ба ҳар бадхоҳро дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Артиши озодихоҳи мардумии Чин бояд ба омодагӣ ба ҷанги воқеӣ тамаркуз кунад, изҳор дошт Си Ҷинпин, раисҷумҳур ва роҳбари Шӯрои марказии низомии ин кишвар.
Хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба гузориши телевизиони марказии Чин, иттилоъ дод, ки дар Пекин бо иштироки аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин семинар дар мавриди ислоҳоти дифои миллӣ ва низомӣ баргузор шуд.
Си Ҷинпин, ки вазифаи раиси Шӯрои марказии низомии Чинро низ бар ӯҳда дорад, зимни ироаи як қатор дастурҳо, таъкид намудаст, ки нерӯҳои мусаллаҳ бояд "ба омодагӣ ба ширкат дар амалиёти ҷангии воқеӣ тамаркуз кунанд".
Государственные флаги России и Китая  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2022
Чину Русия мехоҳанд "лаҷом"-и ҷаҳони тағйирёбандаро ба даст гиранд
Роҳбари давлат изҳор доштааст, ки артиши Чин бояд дар роҳи таъйиншудаи ислоҳот қотеона пеш равад.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2015 мақомоти Чин азми ислоҳоти қувваҳои мусаллаҳашонро барои таҳкими тавоноияшон баён доштанд. Ҷинпин ният дорад, нерӯҳои мусаллаҳи муосиреро созад, ки тавони посух ба ҳар бадхоҳро дошта бошанд. Ӯ мегӯяд, талаботи асосии ҳар артиш қобилияти ҷангӣ ва тавоноӣ барои пирӯзист.
Роҳбари Чин соли 2017 эълон дошт, ки то соли 2035 бояд муосирсозии артиши кишвар пурра анҷом ёбад, ки ба тамоми чолишҳо тавони посух доданро дошта бошад. Таъкид шудаст, ки то соли 2050 бояд артиши Чин аз нерӯҳои пешгоми мусаллаҳ дар ҷаҳон бошанд.
Лентаи хабарҳо
0