Нахустин тоҷик дар UFC: Дана Уайт Алиевро узви созмонаш эълон кард

CC BY-SA 4.0 / commons.wikimedia.org/Nurullo Aliev / Нурулло Алиев
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2022
Обуна шудан
Пирӯзӣ бар рақиби амрикоӣ дар Лас-Вегас роҳи размикори тоҷикро ба UFC кушод ва ӯ нахустин намояндаи Тоҷикистон мебошад, ки ба ин созмон пайваст
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дана Уайт, роҳбари UFC размикори тоҷик Нурулло Алиевро узви нави созмони таҳти идорааш эълон кард.
Ин иттилоъ дар пайи пирӯзии Алиев бар Ҷош Уики амрикоӣ 21 сентябр, бо вақти Душанбе эълон шуд.
Муҳорибаи мазкур дар шаҳри Лас-Вегас баргузор шуда, Алиев аллакай дар даври аввал бартарияти худро нишон доду ҳарифро аз пой афтонд. Зӯрозмоии мазкур бо нокаути техникии Ҷош Уик дар даври аввал анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ Алиев аввалин намояндаи Тоҷикистон дар лигаи UFC мебошад.
Турнир FMR Fighting Championship - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2022
Размикори тоҷик барандаи камарбанди биринҷии лигаи ММА шуд
Маврид ба зикр аст, ки Алиев пештар аз имзои созишнома бо ташкилоти Дана Уайт - "Dana White Contender Series" хабар дода, ба роҳбари UFC, дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин имконият сипос гуфтаст.
Қаблан интизор мерафт, рақиби размикори шикастнадидаи тоҷик барои роҳхат ба UFC Наир Меликяни арманӣ хоҳад буд, аммо гуфта мешавад, ӯ ба далели масоили марбути раводид натавонист худро саривақт ба ҷои сабқат расонад.
Маврид ба зикр аст, ки то ин марҳила пеш аз Нурулло Алиев, размикорони дигари тоҷик, аз ҷумла Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида, имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лек мағлуб шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0