Волии нави Панҷшер таъйин шуд

© Sputnik / Филипп Прокудин / Гузариш ба медиабонкПовседневная жизнь в Афганистане
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳукумати муваққати толибон ахиран исми волии нави Панҷшерро эълон кард. Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ ба унвони волии Панҷшер гумошта шудааст
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар асоси ҳукми Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи толибон, Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ ба унвони волии Панҷшер таъйин шудааст, иттилоъ медиҳад Sputnik Афғонистон.
Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ пеш аз ин ба унвони муовини таъминоти вазорати умури дохила кор карда аст.
Волии феълии Панҷшер мулло Муҳаммад Шуайбохунд ба ҳайси волии Лугар гумошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки толибон пас аз ба сари қудрат расидан дар Афғонистон дар ними августи соли 2021, назорати саросари кишварро дар даст гирифт. Вилояти Панҷшер дар шимоли Афғонистон, охирин вилояте буд, ки ба кантроли Толибон даромад.
Устод Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Шӯрои муқовимат барои наҷоти Афғонистон: Кумак ба толибон ҳимоят аз терроризм аст
Мухолифони Толибон дар вилояти Панҷшер мавсӯм ба “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” ба тозагӣ, бо шиддати бештаре нерӯҳои ин гурӯҳро ба дастгирии ғайринизомиён муттаҳам мекунанд.
Ба гуфтаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, пас аз иди Фитр ва ташдиди набардҳо алайҳи Толибон дар вилоёти Тахор, Бағалону Панҷшер, нерӯҳои ин гурӯҳ ба таври густардае боздошт, озору куштори ғайринизомиёнро дар дастури кори худ қарор додаанд.
Дар вақтҳои охир дар Панҷшер, Андроб Бағлон ва бархе дигар вилоятҳо шиканҷа ва куштори мардуми осоишта аз ҷониби ҷангҷӯёни толибон афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0