Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳамтоёнаш аз таҷовузи ҳарбии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳамтоёнаш аз ОДКБ-ро дар бораи низои мусаллаҳонаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муфассал огоҳ карда, онро маҳкум намуд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД-ро аз ҷузъиёти муноқишаи ахири сарҳадӣ огоҳ кард.
Ҷаласаи дипломатҳо дар ҳошияи нишасти 77-уми Ассамблеяи Генералии СММ баргузор гардид.

"Сироҷиддин Муҳриддин оид ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои назидсарҳадии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ин амали кишвари мазкурро ҳамчун нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ маҳкум намуд", - гуфт Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ғайр аз он, иштирокчиёни ҷаласа аҳамияти қабули қатъномаи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони "Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ"-ро, ки ба амиқтар шудани ҳамкориҳои созмонҳо мусоидат мекунад, қайд намуданд.
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Пинҳонсозии аслиҳа ва парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон: ҳушдори Душанбе
Қабл аз ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи дурӯғпароканӣ ва фитнаангезӣ дар расонаҳо ва мақомоти Қирғизистон гуфта буд.
Ин ниҳод таъкид кард, ки Қирғизистон вонамуд месозад, ки техникаву нерӯяшро аз марз берун мекашад, аммо таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки онҳо дар назди нуқтаҳои аҳонинишин зери ниқоб баръакс ҷобаҷо мешаванд.
Иҷро накардани созишҳои қаблан ҳосилшуда аз ҷониби Бишкекро Душанбе ҳамчун омодагӣ ба таниши навбатии марзӣ арзёбӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0