Ҳушдори Тоҷикистон ба нақзи ҳарими ҳавоияш аз ҷониби Қирғизистон: изҳороти ВКХ

© Sputnik / Игорь Егоров / Гузариш ба медиабонкКыргызские солдаты на границе
Кыргызские солдаты на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тоҷикистон аз Қирғизистон хост, ҳарими ҳавоияшро вайрон накунад, дар акси ҳол вазъро омодагӣ ба таҷовузи навбатии мехонад, ки масъулияташ ба души Бишкек аст
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Қирғизистон ба вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон идома медиҳад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳорот дода, гуфтааст, ки амалҳои сершумор аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, идома доранд.
"21 сентябрь, соати 19-14. То соати 22:46 парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар болои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғаффуров, ноҳияи Лахш, Рашт ва Мурғоби Тоҷикистон мушоҳида карда шуд", - афзудааст ин ниҳод.
Ҳамчунин дар посгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон Росровут, Муряк ва Нуробод низ ҳавопаймоҳои бесарнишини қирғиз мушоҳида шудаанд.
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳамтоёнаш аз таҷовузи ҳарбии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон гуфт
"Мо чунин амалҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистонро дағалона вайрон кардани тамоми созишномаҳо ва таҷовуз ба қаламрави давлати соҳибистиқлол мешуморем", - таъкид кардааст ВКХ.
Ҳамин тариқ Душанбе аз ҷониби Бишкек тақозо кардааст, ки фавран нақзи ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро бас кунад.
Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон вазъро омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон медонад, ки масъулияти он ба дӯши ҷониби Қирғизистон вогузор мешавад, мегӯяд ин ниҳод.
Лентаи хабарҳо
0