ВУХ: Қирғизистон тасмим гирифтааст донишҷӯёни тоҷикро ихроҷ намояд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон вобаста ба ҳалатҳои дар қаламрави Қирғизистон мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтани шаҳрвандони кишвар, изҳори нигаронӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Тибқи маълумоти дастрас аз сӯи мақомоти қудратии Қирғизистон аз кишвар берун намудани зиёда аз 500 донишҷӯ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии вилояти Ош таҳсил мекунанд, ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ додааст Вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, чунин табъиз нисбат ба тоҷикон дар ҳоле амалӣ мегардад, ки 20 сентябри соли ҷорӣ ВКД Қирғизистон бардуруғона изҳороти паҳннамудаи ҷониби Тоҷикистонро дар ин бора, беасос арзёбӣ намуд.
ВУХ-и Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳодисаҳои дар Қирғизистон бавуқӯъомада ба муқаррароти Изҳороти муштараки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Чолпон-Ота 21 июли соли 2022), аз ҷумла ба банди 25-уми санади мазкур, ки дар он “зарурати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, аз қабили нафароне, ки муваққатан ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд ва таъмини кумаки ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва машваратӣ ба онҳо” дарҷ шуда, аз ҷониби Президенти Қирғизистон низ қабул гардидааст, қатъиян мухолифат мекунанд.
Сотрудники полиции на месте взрыва в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Латукӯб ва ихроҷ мекунанд: тоҷикон дар Қирғизистон мавриди таъқиби шадид қарор гирифтаанд
“Ҷониби Тоҷикистон сиёсати таъқибкоронаро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷиктаборон натиҷаи дар Қирғизистон ҳукмрон будани маъаракаи таблиғотӣ ҷиҳати дар симои Тоҷикистон тасвир намудани душман арзёбӣ намудааст”, - қайд кардааст Вазорати умури хориҷӣ.
Ҳамзамон ВУХ аз Ҳукумати Қирғизистон талаб кардааст, ки барои роҳ надодан ба табъиз нисбат ба тоҷиктабарон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд, чораҳои таъхирнопазир андешад.
Лентаи хабарҳо
0