Анатолий Изюмников: "Influencer Digital - мизоҷони замонавӣ, умедбахш... хушнуд!"

© Фото из личного архива Анатолия ИзюмниковаИсполнительный директор компании "МегаФон Таджикистан" Анатолий Изюмников
Исполнительный директор компании МегаФон Таджикистан Анатолий Изюмников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Навгонӣ дар тарофаҳо, таъмини минтақаҳои дурдаст бо алоқаи насли 4, лоиҳаҳои ҷадид ва хушбахтии муштарӣ аз мавзуъҳои суҳбати мудири МегаФон Тоҷикистон буданд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар моҳи сентябр МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои соли навбатии таърихи худ, яъне соли 21-умро ҷамъбаст менамояд.
Бо кадом рӯйдодҳо он хотирмон гардид, тӯли ин муддат оператор чӣ иқдомҳои навро амалӣ намуд, барои чӣ муштариёни худро ашхоси махсус меҳисобад ва пайравони бренд киҳоянд?
Дар ин бора мо бо директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников сӯҳбат оростем.
- Бо кадом рӯйдодҳо ин соли таърихи МегаФон дар Тоҷикистон дар ёдҳо боқӣ мемонад, кадом се лоиҳаи махсусро Шумо қайд кардан мехостед?
- Дар асл мо 17 лоиҳаи бузург доштем. Ҳамаи онҳо сазовори диққатанд, лекин биёед 3 лоиҳаи беҳтаринро қайд карда мегузарем. Агар дар бораи хизматрасониҳои рақамӣ сухан равад, ман мехостам махсусан роҳандозӣ шудани намунаи нави замимаи “МегаФон Life 3.0”-ро зикр намоям. Ин Super app дорои функсионали ниҳоят васеъ аст.
Дар навбати аввал, тамоми ҳаракати мо барои муштариён буд, то ки дар натиҷа онҳо ба замимаи тезамалкунанда ва қулай бо дизайни навшуда соҳиб гарданд. Суперапп дар бозори телекоммуникатсионии кишвар маҳсулоти нодир аст.
Функсияҳои он зиёд буда, дар баробари ин, “МегаФон Life” ниҳоят фаҳмо ва дар истифодабарӣ содда аст. Албатта, роҳандозии намунаи 3.0 инчунин ба он хотир муҳим аст, ки мо лоиҳаи мазкурро пурра бо нерӯи худ роҳандозӣ намуда, ба ин кор таҳиягарони беруниро ҷалб нанамудем.
Быстро и надежно: лучший способ перевести деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Зуд ва боэътимод: роҳи беҳтарини интиқоли пул ба Тоҷикистон
Лоиҳаи дуюм – самти нави тиҷорат, “Интернет барои хона” мебошад, ки асоси он интернети ноқилист. Қаблан имконияти пайвастшавии собит танҳо барои мизоҷони корпоративӣ дастрас буд, ҳамакнун бошад, ин имкониятро ҳамаи шахсони воқеӣ низ доро мебошанд. Сокинони Тоҷикистон боз як хизматрасонии нодирро ба даст оварданд.
Лоиҳаи сеюми муҳим – инкишофи технологияи VoLTE ба ҳисоб меравад, он имкон медиҳад, ки зангҳо ба шабакаи насли панҷум анҷом дода шаванд.
Он барои Тоҷикистон нодир буда, бо он фарқ мекунад, ки трафики овозӣ ва интернет дар доираи як шабака интиқол меёбанд. Метавон ҳамзамон суҳбат карда, аз интернети мобилӣ истифода намуд. Бо VoLTE овоз бо сифати HD хеле тоза садо медиҳад. Албатта, суръати пайвастшавӣ низ муҳим аст, дар шабакаи VoLTE он се маротиба баландтар аст.
- Ҳарсе лоиҳа воқеан барои кишвар муҳиманд, барои ҳамин чунин таассурот ҳосил мешавад, ки муштариёни Шумо воқеан дорои мавқеи махсус мебошанд. То чӣ андоза имкониятҳои рақамии мизоҷони МегаФон васеъ мебошанд?
- Бале, муштариёни мо махсус ва хеле пешрафтаанд. Мо миннатдорем, ки онҳо инноватсияҳои моро қадр мекунанд ва интизори онҳоянд. Имрӯз дар ихтиёри мизоҷони МегаФон доираи васеи хизматрасониҳои рақамӣ қарор дорад.
Барои онҳо мо шабакаи насли сеюм, чорум ва панҷумро ба кор даровардем. Ин маънои онро дорад, ки мо барои онҳо интернети босуръаттарини мобилиро таъмин кардем.
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Азми бунёди бисёрошёнаҳо дар Тоҷикистон ва даъвати Атоев барои ҳифзи суръати интернет
Кортҳои электронии eSIM – намунаи нисбатан “пешрафтаи” сим-кортҳои оддиро пешниҳод намудем. Агар дар хусуси маҳсулоти начандон маъруф, ба монанди портал барои киберварзишгарон ё шартҳои алоҳида барои бозингарон сухан гӯем, дар ин маврид низ муштариёни МегаФон дорои мавқеи махсус будани худро эҳсос мекунанд.
Ба ҳамин хотир метавон гуфт, ки имкониятҳои муштариёни мо назар ба мизоҷони ширкатҳои дигари телекоммуникатсионӣ васеътар аст. Муштарии МегаФон будан – доштани дастрасӣ ба инноватсияҳое мебошад, ки ҳоло дар кишвар касе онҳоро доро нест.
- Оё Шумо тарофаҳои инноватсионӣ доред, ё тарофаҳои ҳамаи операторон шабеҳи якдигаранд?
- Қаблан қайд менамоям: бешубҳа, бисёри маҳсулотро метавон такроран эҷод кард. Ин ё он хизматрасониро як оператор ҷорӣ менамояд – сипас бо гузашти вақти муайян он дар байни хизматрасониҳои ҳамкорон дар бозор пайдо мешавад.
Аз ҳама осон “такроркунии” тарофаҳо мебошад, дар ин ҳолат сармоягузориҳои зиёд барои бунёди шабака, коркарди тӯлонӣ ва мураккаби маҳсулоти нав зарур намеояд. Лекин, дар ин самт низ мо ҳаракат мекунем, мақоми пешсафро нигоҳ дошта, маҳсулоти нодирро вориди бозор созем. Масалан, баҳори соли ҷорӣ мо силсилаи нави тарофаҳои “Дар тамос”-ро роҳандозӣ кардем.
Он аз ҳашт баста иборат буда, аз байни онҳо ҳатто мизоҷи аз ҳама серталаб намуди барои худ муносибро аз рӯйи миқдори дақиқаҳо ва трафики интернет, номгӯйи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои бемаҳдуд пайдо менамояд. Худи далели роҳандозӣ шудани ҳашт баста бо имконияти дақиқан танзим намудани тарофа нодир мебошад.
- Оё метавон гуфт, ки аз рӯйи сатҳи инкишофу тараққии инфрасохтор низ муштариёни Шумо мавқеи махсус доранд? Оё дар кишвар ҳастанд маконҳое, ки дар онҳо танҳо МегаФон фаъол аст?
- Албатта чунин маконҳо то ҳол зиёданд. Ба бунёду бакордарории пойгоҳҳои базавӣ дар деҳоти дурдасти кӯҳӣ на ҳамаи операторон ҷуръат мекунанд: муштариён дар он маҳалҳо каманд, муҳлати хароҷотбарории сармоягузориҳо зиёд аст. Лекин барои МегаФон ин мавқеи ҷиддист. Замоне мо аввалин шуда, вориди ноҳияҳо гардида, аз шаҳрҳои бузург берун шудем ва ҳадафи стратегии худро гузоштем: хизматрасониҳои рақамӣ бояд ба ҳар як сокини кишвар дастрас бошанд.
В Душанбе состоялся первый в истории страны Хакатон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Айби кӯҳҳо? Коршинос сабаби сустии интернет дар Тоҷикистонро гуфт
Табиист, ки расидан ба ин ҳадаф осон нест. Бинобар ин, мо корҳои сохтмониро пайваста идома медиҳем, ҳарсола шабака бо садҳо пойгоҳҳои нави базавӣ такмил меёбад. Лекин тобистони соли ҷорӣ воқеаи таърихӣ ба амал омад.
Дар ноҳияи Мастчоҳи кӯҳии вилояти Суғд бори нахуст интернети мобилии насли чорум арзи ҳастӣ намуд. Ҳамин тариқ, МегаФон Тоҷикистон фарогирии 4G-ро дар ҳамаи шаҳрҳо ва марказҳои ноҳиявии ҷумҳурӣ таъмин кард.
Акнун дар навбат нуқтаҳои аҳолинишини дурдаст мебошанд, ки дар онҳо то ҳол алоқаи 4G мавҷуд нест. Ва албатта, мо васеъкунии шабакаро дар маконҳое, ки муштариёни нави МегаФон дар онҳо зиёданд, идома хоҳем дод. Ин аз ҷумла ба Душанбе низ дахл дорад, танҳо дар соли 2022 мо 85 пойгоҳи базавиро ба кор даровардем.
- Соли равон маркази тамоси Шумо ба “хадамоти мизоҷон” табдил ёфт. Оё дуруст аст, ки ба ғайр аз ном инчунин тарзи амал нисбати кор бо муштариён низ тағйир ёфт?
- Бале, мо онро комилан тағйир додем. Моро ба ин худи муштариёне, ки мехостанд ҳарчи зудтар ба саволҳои худ ҷавоб бигиранд, водор намуданд. Бо мурури вақт онҳо қулайнокии онлайн-хизматрасонӣ, аз ҷумла имкони пайгирии таърихи мукотибаҳоро дарк карданд.
Аз рӯйи миқдори муроҷиатҳо метавон хулоса намуд, ки барои мизоҷони пешрафтаи мо онлайн-шабакаҳои иртибот нисбатан қулайтаранд, зеро ҳал намудани масъалаҳои марбут ба алоқа дар тамоми гӯшаҳо, аз ҷумла дар навоҳии дурдасттарини кишвар ҳамеша зарур аст.
Серверная, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Иддаои Хадамоти алоқа дар бораи боло бурдани суръати интернет дар Тоҷикистон
Онлайн-хизматрасонӣ имконияти беҳтарин аст. Интернети мобилӣ ки ҳаст, чат-боти дорои зеҳни сунъӣ низ дастрас мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки он ҳамеша дар инкишоф аст, ба саволҳои зуд-зуд додашаванда ҳарчи дақиқтар ҷавоб мегардонад.
Ба шарофати интернет метавон замимаи олии “МегаФон Life”-ро ҳам ба кор бурд, ё хизматрасониро тариқи сомона дастрас намуд. Ба ғайр аз ин, ҳадафи асосии хизматрасонӣ – хушнуд гардонидани ҳар як мизоҷ боз ҳам наздиктар шуд.
Ба таври кӯтоҳ гӯем, хушнудии мизоҷ дар имконияти худро шахси махсус эҳсос кардан аст. Бо имконияти аввалин шуда дар кишвар истифода бурдани хизматрасониҳои инноватсионии рақамӣ ва ҳалли фаврии масоили мобилии худ, онҳо бешубҳа, худро ашхоси махсус эҳсос менамоянд.
- Оё метавон “тасвири умумӣ”-и муштарии пешрафтаи Шуморо тартиб дод?
- Мизоҷамонро ман “барандаи пешравиҳо”, ё ба таври дигар гирем, Influencer Digital ном мебарам. Ӯ замонавӣ, муваффақ ва пешрав аст. Нисбати технологияҳои навин ва хизматрасониҳои рақамӣ мароқи зиёд зоҳир менамояд.
Ҳаракат мекунад, ки яке аз аввалинҳо шуда маҳсулоти навтарини рақамиро биозмояд. Хеле зуд тарзи истифодаи онҳоро аз худ намуда, бароҳат аз онҳо истифода мебарад. Ба дӯстони калонсол ва хешовандони худ дар омӯхтани хизматрасониҳои рақамӣ кӯмак мекунад. Ӯ зудамал аст, гарчанде метавонад берун аз шаҳрҳои калонтарин қарор дошта бошад – дар дилхоҳ гӯша ӯ бо тамоми олам ҳамеша дар тамос аст.
Аз ҳама муҳим, муштарии мо дарк мекунад, ки ҳамроҳи МегаФон ӯ ҳамеша дар сафҳои аввал хоҳад буд. Мо барои мизоҷон на танҳо оператор, балки ҳамсафари доимии ҳаёташон мешавем. Мо аввалин шуда роҳро ба сӯйи технологияҳои пешрафтаи рақамӣ боз менамоем, моҳиятан, мо ба мисли мизоҷонамон барандаи пешравиҳо ба ҳисоб меравем. Бо ҳамин сабаб мо якҷо ҳастем!
Лентаи хабарҳо
0