Лукашенко гуфт, Белорус кай узви СҲШ мешавад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонк Президент Беларуси Александр Лукашенко
 Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Белорус ҳадаф гузоштааст, ки кишвар тамоми раванди марбути пайвастан ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро давоми як сол анҷом диҳад
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Белорус интизор дорад, ки соли 2023 дар Ҳиндустон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пазируфта хоҳад шуд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко, изҳор дошта, таъкид намуд, ки дастурот дар ин бора аллакай ироа шуданд.
"Ҷаласаи оянда дар Ҳиндустон баргузор мешавад. Ман аллакай ҳадаф гузоштаам, ки мо ин роҳро давоми як сол тай кунем", - овардааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Белорус аз қавли Лукашенко.
Санад дар мавриди оғози пайвастшавии Белорус ба СҲШ ахиран зимни ҷаласаи роҳбарони ин созмон дар Самарқанд имзо шуд.
Дар баробари ин дар Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум барои узвияти комили Эрон дар ин созмон имзо гардид.
Инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия эълон намуд, ки азм дорад, ба СҲШ бипайвандад.
Президент РФ В. Путин принял участие в саммите ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Путин: Таваҷҷуҳ ба ҷаҳони бисёрмеҳварӣ афзоиш ёфтааст
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0