Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад

© Sputnik / Рубен ГарсияПанорама города Душанбе с высоты
Панорама города Душанбе с высоты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2022
Обуна шудан
Дар Душанбе таҳти унвони “Рушди бозиҳои миллии варзишӣ — омили муҳими шинохти миллат” Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Фестивали мазкур бо ҷалби донишҷӯёну машқварзони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии кишвар аз 24 сентябр то 17 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ додааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ин фестивал бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм дар назди Муассисаи давлатии боғи Шаршара баргузор мегардад.
Дар фестивал донишҷӯёни Акадамияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ, Донишгоҳи технологӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳангӣ ба номи М.Турсунзода ва муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ ширкат меварзанд.
Флаги Таджикистана и олимпийского флага, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Қарни нав дар варзиш: Чориева ва Неъматов собиқ олимпиёнро бармегардонанд
“Мақсад аз баргузории фестивал- эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад”, - хабар додааст манбаъ.
Дар фестивали мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, роҳбарони аввали муассисаҳои таҳсилоти олии болозикр иштирок менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0