Қарзи ноҳияи Вахш аз барқ ба 53 миллион сомонӣ расид

© Sputnik Лампочка, архивное фото
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Шабакаҳои барқӣ Вахш хабар додааст, ки қарзи ноҳия аз барқ ба 52,8 миллион сомонӣ расидааст. Ин ниҳод мегӯяд қарзи бештар аз аҳолӣ аст
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон қарзи ташкилоту идораҳо, аҳолӣ, корхонаҳо ва дигар муштариён аз ҳаққи истифодаи барқ ба 52, 8 миллион сомонӣ расидааст, ки миёни онҳо ҳукумати ноҳия низ ҳаст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”
Тавре Сафархон Ғуломов, роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи ноҳияи Вахш, хабар додааст, аз 52,8 миллион қарзи барқ 25,2 миллион қарзи аҳолӣ, 1,1 миллион қарзи корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва боқӣ аз дигар муштариён мебошад.
Ба иттилои ӯ, аз ҳама қарзи бештар дар Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 3,6 миллион сомонӣ, Беморхонаи марказӣ 172,9 ҳазор сомонӣ, ҳукумати ноҳия 68, 1 ҳазор сомонӣ аст.
Девушка записывает показания счетчика  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Нархи барқ дар Тоҷикистон боло меравад: Аз кай ва чанд?
Ҳамзамон вай илова кардаст, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳукумати ноҳия танҳо барои истифодаи барқ 2 ҳазор сомонӣ пардохт шудасту халос, аммо дар ҳашт моҳ ҳукумати ноҳия беш аз 18,5 ҳазор сомонӣ барқ истифода кардааст.
“Масъулони ташкилоту идораҳои қарздор бояд дар пардохти маблағи барқ саҳлангори накунанду саривақт маблағи барқи истифодакардашонро супоранд”, -гуфт Сафархон Ғуломов
Лентаи хабарҳо
0