Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Душанбе гуфт, қисме аз заминҳои Тоҷикистонро Қирғизистон ғасб кардаст: Шарҳи вазир

© Sputnik / Амир ИсаевПрирода Таджикистана
Природа Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ эълон карданд, ки чӣ қадар заминҳои ин кишвар аз ҷониби Қирғизистон ғайриқонунӣ ва бидуни асос ғасб карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Қирғизистон то ҳол 2 ҳазору 110 километри мураббаъ заминҳои Тоҷикистонро ғасб кардааст.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронияш дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баён дошт.
Майдони заминҳое, ки ба иддаои ҷониби Душанбе Қирғизистон аз қаламрави Тоҷикистон ғасб кардааст, баробар ба 1%-и масоҳати феълии ҶҚ ва 1,5%-и масоҳати ҶТ мебошад.
Ба иттилои вазири тоҷик, ғасби заминҳои Тоҷикистон аз сӯи Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 50-уми асри гузашта оғоз шуда буд.
Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Эълони расмӣ: Беш аз 240 сокини мулкии Тоҷикистон аз зарбаи Қирғизистон куштаю маҷруҳ шуд
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, заминҳои ҷумҳуриро солҳои гуногуни даврони шӯравӣ бидуни риояи расмиёти ҳуқуқӣ ҷониби Қирғизистон гирифтаст.
Ба гуфтаи Имомӣ, феълан беш аз 2 ҳазор километри мураббаъ замини ҷумҳурӣ бидуни ҳеч санаду далел дар ихтиёри Қирғизистон қарор дораду фаъолона аз худ карда шуда истодааст.
Вай таъкид намуд, Тоҷикистон аз аввал талош дорад, масъалаи ин заминҳоро, ки Душанбе бидуни баҳс аз худ медонаду Бишкек ба далели азхудкунӣ мутааллиқ ба худ, аз роҳи музокирот ҳал намояд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ боиси таниш мегардад, ки баъзан ба тирпарронию марги одамон мепечад.
Лентаи хабарҳо
0