Равуо ва дӯстии пештара: Тафсилоти созиши ахири Душанбею Бишкек

© Аз саҳифаи Отурбек Рахманов дар ФейсбукМузокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти ахир дар ҳудуди вилояти Бодканд барои эҳёи рафтуомади сокинони наздимарзӣ созиш кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Мулоқоти навбатии роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизилбел" таҳти роҳбарии раиси КДАМ, Саймумин Ятимов ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Ташиевбаргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд хабар дода, афзуд, ки ҷонибҳо барои идомаи гуфтушунидҳо ва ҳали масъалаҳои мавҷуда бо роҳи дипломатӣ бори дигар таъкид карданд.
"Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев вобаста ба иҷрои нишондодҳои протоколи имзошуда ва таҳкими сулҳу субот дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидаст, ки бояд тамоми техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, ҷонибҳо бо ҳусни тафоҳум мушкилоти пешояндаро ҳал созанд.

"Ҳамчунин зарур шуморида шуд, ки мардуми наздисарҳадӣ бояд равуо дошта бошанд ва муносибатҳои дӯстона миёни ду халқ чун пештара ба роҳ монда шавад. Зеро тоҷикону қирғизҳо асрҳост, ки дар канори ҳам зиндагӣ доранд", - афзуд манбаъ.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин музокирот Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд иштирок доштаанд.
Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Эълони расмӣ: Беш аз 240 сокини мулкии Тоҷикистон аз зарбаи Қирғизистон куштаю маҷруҳ шуд
Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар мавриди тафсилоти санади нави имзошуда хабар надодаанд.
Аз ҷониби Қирғизистон Тошиев дар суҳбат бо расонаҳо эълон кард, ки сокинони беруншуда аз минтақаҳои марзӣ метавонанд ба хонаҳояшон баргарданд. Вай кафолат додаст, ки вазъ дар марз ором хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0