Ятимов аз шарти сулҳ дар марз, санади "ғайринизомисоз" ва эҳтиёт дар гапзанӣ гуфт - видео

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПредседатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон протоколи нави имзошуда бо ҳамтои қирғизашро як навъ санади “ғайринизомисоз” унвон кард
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Расонаҳо, сиёсатмадорону блогерони алоҳидаро зарур аст, ки зимни инъикоси масоили марзӣ эҳтиёткор бошанд, чун ҳар ҳарфи ноҷо метавонад корро халалдор кунад.
Ин нуктаро Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон дар пайи имзои санади қатъи низоъ дар марз бо ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев, баён дошт.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон протоколи имзошуда бо ҳамтои қирғизашро як навъ санади “ғайринизомисоз” унвон карда, афзуд, ки он чораҳои қатъиро фаро мегирад.
Ӯ гуфт, сулҳу оромӣ дар замини тоҷикону қирғизҳо замоне фаро мерасад, ки ҳамаи асноди имзошуда амалӣ гарданд.
“Ҳама метавонанд бо ин протоколҳо шинос шаванд, ҳеч кадомашон махфӣ нестанд, дар дастрасии озоданд", - афзуд Ятимов.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокироти 20-солаи марзӣ: Дипломати тоҷик мушкили тавофуқот бо Бишкекро гуфт
Ӯ таъкид намуд, ки зимни таҳияи санадҳо дар асоси руҳия ва меъёри ҳуқуқи римӣ амал мекунанд. Аз ҷумла меъёреро зикр кард, ки ирода агар давлатӣ бошад, он бояд дар шакли қонун, санад ва созишномаҳо аз ҷониби дастгоҳи иҷроия табиқ гардад. Дар акси ҳол ин ирода аз сухани холӣ беш нест, афзуд Ятимов.
Тошиев дар навбати худ изҳор дошт, ки иҷрои санади имзошуда аз ҷониби Қирғизистонро кафолат медиҳад. Расонаҳои Қирғизистон аз қавли Тошиев овардаанд, ки бар асоси санади ҷадид 4 дидбонгоҳи марзии низоъзо аз ҳарду ҷониб бардошта хоҳанд шуд.
Протоколи ҷадид дар пайи мулоқоти навбатии роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизилбел" имзо гардид.
Лентаи хабарҳо
0