Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Аёдати генералҳои боломақом аз сарбозони захмишуда дар марз бо Қирғизистон

© Дафтари матбуоти ҳукумати СуғдАёдати Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ ҶТ ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд аз маҷруҳони даргирии марзӣ
Аёдати Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ ҶТ ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд аз маҷруҳони даргирии марзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Роҳбарони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зимни аёдат аз маҷруҳони даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон аз шуҷоаташон тавсиф кардаанд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ба аёдати сарбозону афсароне рафтаанд, ки дар муноқишаҳои ахири марзӣ захм бардоштанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, мақомдорон нахуст дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва баъдан дар шаҳри Хуҷанд аз ҳоли сарбозону афсарони маҷруҳ хабар гирифтанд.
"Зимни суҳбат бо онҳо таъкид гардид, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои чунин фарзандони шуҷои Ватан аст, ки амнияти давлату миллат таъмин аст", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардидаст, ки бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои табобати захмбардоштагон доруворӣ ва маводи зарурӣ дастрас гардида, кормандони беҳтарини соҳаи тиб ҷалб шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки беш садҳо куштаю маҷруҳро аз ҳар ду ҷониб барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Мобильный комплекс видеонаблюдения на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ду моҳ муҳлат: Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳо насб мешаванд
Тоҷикистон мегӯяд, бар асари ҳамлаи ҷониби Қирғизистон дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон беш аз 40 сокини мулкӣ кушта шуда, ҳудуди 200 нафари дигар, ки ғайринизомӣ буданд, маҷруҳ гардиданд.
Дар бораи талафот миёни низомиёни Тоҷикистон расман ҳеч оморе ироа нагардидааст, аммо дар шабакаю расонаҳои маҳаллӣ феҳрасти ҳудуди 45 нафар низомӣ нашр гардидааст, ки дар даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон кушта шудаанд.
Ҷниби Қирғизистон талафоташро дар даргирии марзӣ бо Тоҷикистон беш аз 60 кушта ва 198 маҷруҳ арзёбӣ карда буд, ки аксарияташонро низомиён ташкил медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0