Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозиҳояшро дар Ҷоми Осиё бо пирӯзӣ оғоз кард

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов нахусти бозиашро дар Ҷоми Осиё-2022 бо пирӯзӣ бар тими миллии Баҳрайн оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Футзалбозони Тоҷикистон дар даври аввали гурӯҳи “В” бар тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҳамин тавр дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро бо пирӯзӣ оғоз кард.
Голҳои дастаи Тоҷикистонро Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров заданд ва ба тими Тоҷикистон дар оғози Ҷоми Осиё-2022 се имтиёз оварданд.
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки дар вохӯрии дигари гурӯҳи “В” мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби 8:0 пирӯз шудааст.
Дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 29 сентябр тими миллии Тоҷикистон бо тими Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Сборная Таджикистана по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Пешниҳоди бозбинии куллии бахши варзиш дар Тоҷикистон: ба "табобат" ниёз дорад!
Ёдовар мешавем, ки Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи “Саъд ал-Абдулло” дар Ал-Кувейт доир мегарданд. Дар ин мусобиқа 16 даста ширкат вразида, ба 4 гуруҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври чаҳорякфиналӣ роҳ меёбанд.
Бодя гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон аз ин пеш даҳ бор – солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018 дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамони Осиё иштирок кардааст ва танҳо як бор – соли 2007 дар Ҷопон – аз гурӯҳи худ баромада, ба плей-офф роҳ ёфтааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов (ҳарду аз “Истиқлол”);
Бозигарони майдонӣ: Рустам Ҳамидов (“Истиқлол”), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама аз “Соро компания”), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гулаков, Умед Қузиев (ҳама аз “Сипар”), Баҳодур Хоҷаев (“Истаравшан”).
Лентаи хабарҳо
0