Дастури таъсиси ниҳоди нав дар Тоҷикистон

© Пресс-служба Президента РТЗаседание правительства РТ
Заседание правительства РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳадаф аз таъсиси ниҳоди нав фароҳам кардани дастрасии тоҷикистониён ба адабиёти ҷаҳонӣ ва аз ҷаҳониён ба фарҳангу таърихи тоҷикон бо забони ошно арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, барои таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон ин нуктаро зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои кишвар баён дошт.
"Ба ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва тасдиқ намояд", - изҳор дошт ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон мақсади таъсиси марказро фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ арзёбӣ кард.
Аз аҳдофи дигарро бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати тоҷик ном бурд.
Ба гуфтаи Раҳмон, дар ин росто зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст.
Таджикский государственный институт языков имени С. Улугзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Боз як донишкадаи дигар дар Тоҷикистон донишгоҳи байналмилалӣ мешавад
Дар зимн вай таъкид кард, ки дар давраи рушди босуръати илму фан ва техникаву технологияҳои навтарин бояд ба такмили истилоҳот бо забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Олимону муҳаққиқон ва мутахассисони тамоми соҳаҳои илмро зарур аст, ки барои ифодаи мафҳумҳои навтарини илму техника аз ҳамаи имкониятҳои забони тоҷикӣ бодиққат ва боэҳтиёт истифода баранд, изҳор дошт раисҷумҳур.
Ҳамчунин, муҳим хонд, ки тавассути эҳёи қолабҳои суннатии истилоҳнигорӣ бо истифода аз захираи луғавии забони тоҷикӣ дороиву ғановати забон аз ҳисоби истилоҳсозӣ ва иқтибосгирии бамаврид таъмин карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0