Пешниҳоди номгузории мактабе дар вилояти Суғд ба номи Дамирбек Олимов

© Бойгонии марҳум Дамирбек ОлимовДамирбек Олимов
Дамирбек Олимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Обуна шудан
Вакилони шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич пешниҳод кардаанд, ки мактаберо дар ноҳия ба номи овозхон Дамирбек Олимов гузошта шавад
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар вилояти Суғд мехоҳанд Мактаби санъати бачагонаи шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштичро ба номи овозхони марҳум Дамирбек Олимов гузоранд.
Дар ин бора аз қароре, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, бармеояд.
Дар қарор омадааст, ки ин пешниҳод барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Деваштич ирсол гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки сарояндаи шинохтаи тоҷик Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли равон бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт.
Дамирбек Олимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Бо суръати 100 ва телефон, вале бе сархушӣ: шоҳидии ҳамроҳи Дамирбек ба милиса - видео
Дамирбек Олимов 33 сол дошта, дар ноҳияи Деваштич, Ғончии собиқ дар оилаи сароянда Ботурчон Олимов ба дунё омадааст.
Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна, солҳои 2004-2008 Коллеҷи Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.
Марҳум дар ансамбли шашмақомхонии "Нури Хуҷанд", ки роҳбариашро Ҷурабек Муродов ба уҳда дорад, ва ҳамчунин дар ансамбли созу овози "Садои Суғд" низ фаъолият мекард. Ӯ оиладор ва падари се фарзанд буд.
Шуҳрати Дамирбек пас аз иҷрои суруди "Зулфони майда" дар "Чакомаи гесӯ" ва баъдан мавригии "Ҷон, бачаи хола", дуэте бо сароянда Нигина Амонқулова афзуд.
Ӯ аз камтарин сарояндагони ҷавон буд, ки ҳам дар жанри эстрада ва ҳам шашмақом суруд мехонд.
Лентаи хабарҳо
0