Меркел: Сухани Путинро дар мавриди хатари ҳастаӣ бояд ҷиддӣ гирифт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкВстреча президента РФ В. Путина с канцлером Германии А. Меркель
Встреча президента РФ В. Путина с канцлером Германии А. Меркель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҷиддӣ гирифтани изҳороти раисҷумҳури Русия дар мавриди таҳдиди ҳастаӣ на нишонаи заъф балки хирадмандист, муътақид садри аъзами пешини Олмон
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Садри аъзами пешини Олмон Ангела Меркел хостааст, ки ба суханони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эътибори ҷиддӣ дода шавад, гуфт рӯзномаи олмонӣ "Süddeutsche Zeitung".
Ба иттилои манбаъ, Меркел аз ҷумла даъват кардааст, суханони раисиҷумҳури Русия дар бораи таҳдиди ҳастаӣ ҷиддӣ гирифта шаванд.
"Бояд ҷиддӣ қабул кард, на чун блеф, воҳима кард. Ин ба ҳеҷ ваҷҳ нишонаи заифӣ нест, балки хирадмандии сиёсӣ аст, ки барои нигоҳ доштани ҷой барои манёвр ва ё аслан коркардҳои нав муҳим аст", - гуфт Меркел.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан зимни эълони сафарбаркунии қисмӣ дар Русия, Путин ба мавзӯи таҳдиди ҳастаӣ дахл карда, таъкид кард, ки Русия бардурӯғ воҳима намекунад.
Рабочая поездка президента РФ В.Путина в Новгородскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
"Ин дурӯғ нест". Ҷаҳон Путинро гӯш кард
"Онҳо дигар пинҳон намекунанд, ки Русия бояд бо ҳар васила дар майдони ҷанг шикаст хӯрда, баъдан аз ҳама гуна соҳибихтиёрӣ - иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва умуман маҳрум шавад", - гуфт ӯ.
Ӯ дар идома аз таҳдидҳои ҳастаии ғарб зикр намуда, аз посухи қатъӣ ҳушдор дод.
"Ба онҳое, ки ба ин гуна изҳорот дар бораи Русия роҳ медиҳанд, мехоҳам ёдовар шавам, ки кишвари мо низ воситаҳои гуногуни нобудсозӣ дорад ва дар баъзе ҷузъҳо нисбат ба кишварҳои НАТО муосиртар аст", - ёдовар шуд раҳбари Русия.
Владимир Путин итминон дод, ки дар сурати таҳдид ба тамомияти арзӣ барои ҳифзи Русия ва мардуми он, "ҳатман аз тамоми василаҳои дар ихтиёрамон буда истифода хоҳем кард. Ин блеф нест".
Лентаи хабарҳо
0