Эълони ҳукми заноне, ки бо баҳонаи хадамоти шаҳвонӣ ҷавонони Душанберо "шикор" мекарданд

© PixabayЖенские ноги
Женские ноги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Обуна шудан
Занон нахуст ҷавононро барои мулоқоти маҳрамона даъват кардаву ба дом меандохтанд, аммо баъдан тибқи нақша бо шарики хеш онҳро шиканҷа ва пул меситониданд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аъзои як гурӯҳи ҷиноиро, ки дар гаравгонгирӣ, тамаъҷӯӣ ва роҳзанӣ гунаҳкор дониста мешаванд равонаи зиндон кард.
Ба гузориши Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳамин тариқ Абдуманнон Болтаеви 31-сола, сокини Душанбе, ки қаблан низ бо ҷурми роҳзаниву дуздӣ зиндонӣ шуда буд, баро 17 сол равонаи зиндони низомаш сангин гардонид.
Шарикони ӯ Шаҳноза Тошпӯлодоваи 30-сола ба 13 соли зиндон ва Манижа Бобозодаи 26-сола ба 11 сол равонаи зиндони низомаш умумӣ шуданд .
Ба гузориши ВКД, онҳо нақшаи маккорона таҳия карда, нахуст қурбониёнро бо баҳонаи расонидани хидмати шаҳвонӣ ба доми худ кашида, сипас онҳоро латукӯб кардаву пул меситонидаанд.
Гуфта мешавад, занон дар яке аз хонаҳои шаҳри Душанбе манзил иҷора гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хидматҳои шаҳвонӣ пешниҳод кардаанд.
Онҳо нақшаи маккорона таҳия карда, дар хонаи истиқоматӣ бо ҷавононе вомехӯрданд, ки мувофиқи нақша меоянд.
Баъд аз ин, сардори гурӯҳи ҷиноӣ бо завлона, дастгоҳи барқӣ ва туфангчае, ки пешакӣ омода карда шуда буд, вориди ҳуҷра шуда, худро корманди пулис муаррифӣ намуда барои ба даст овардани маблағҳои калон ҷабрдидаҳоро метарсонидааст.
Ҷиноятҳои даҳшатовар: дар Душанбе як гурӯҳи хатарноки ҷиноӣ боздошт шуд - видео
Боздоштшуда ба дастони қурбониён завлона зада, лату кӯб ва шиканҷа медод ва пасон таҳқирҳои кардаашро дар телефон сабт кардаву пул талаб мекард.
Лентаи хабарҳо
0