Президент Шавкат Бобозодаро барканор кард

© Sputnik Глава Агентства по экспорту Таджикистана Шавкат Бобозода
Глава Агентства по экспорту Таджикистана Шавкат Бобозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Собиқ вазиру раиси агентӣ бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани ҳудуди як миллион сомонӣ аз як ширктаи хориҷӣ, бо ваъдаи иҷрои дархосте муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, аз вазифаи худ барканор шуд.
Ӯ як ҳафтаи қабл ба иттиҳоми даст доштан дар фасод аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шуда буд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, фармони барканории Шавкат Бобозода имрӯз, 29 сентябри 2022, аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон, имзо шудааст.
“Сухан аз озод шудани Шавкат Бобозода, аз вазифаи директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон меравад”, - гуфт манбаъ.
Барканории Шавкат Бобозода дар ҳолест, ки як ҳафта ба ин сӯ дар пайи шикояти як ширкати хориҷӣ аз сӯи Прокуратураи генералии Тоҷикистон боздошт шудааст. Гуфта мешавад, вай аз ин ширкат ҳудуди 1 миллион сомониро гирифта, масъулияти худро анҷом надодааст.
Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Путин Рогозинро аз мақоми раҳбари "Роскосмос" барканор кард
Шавкат Бобозода соли 2019 директори Агентии содироти Тоҷикистон, ки нав ҳамчун як ниҳоди назди ҳукумати кишвар таъсис ёфта буд, таъин шуд. Вай қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд буд.
Лентаи хабарҳо
0