Путин: вазъият дар марзҳои кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳи зиёдеро талаб мекунад

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в VII Восточном экономическом форуме
Президент РФ В. Путин принял участие в VII Восточном экономическом форуме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раҳбари Русия мегӯяд, ки вазъият дар марзҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз кишварҳо диққати бештарро талаб мекунад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Вазъ дар марзҳои кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳи бештарро тақозо мекунад, чунки дар он ҷо таҳдидҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд, ки метавонанд ба мавқеи кишварҳо таъсири манфӣ расонанд, гуфт Владимир Путин раисҷумҳури Русия.
"Вазъият дар марзҳои ИДМ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад. Маҳз дар онҷо таҳдидҳои умумии амниятӣ ба вуҷуд омадаанд, ки агар сари вақт ҷилавгирӣ нашаванд, метавонанд ба вазъ дар кишварҳои мо таъсири манфӣ расонанд", - гуфт Владимир Путин дар суҳбат бо сардорони хадамотҳои истихборотии кишварҳои ИДМ.
Дар ин замина раисҷумҳури Русия аз хадамотҳои истихборотии кишварҳои ИДМ даъват кард, ки ҳамкориҳоро бештар ва зичтар ба роҳ монанд.
Рабочая поездка президента РФ В.Путина в Новгородскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Путин: Ғарб кӯшиш дорад дар кишварҳои ҳамсуд қатлу куштор роҳандозӣ кунад
Оқои Путин гуфт, ба хадамотҳои истихборотӣ кишварҳои ИДМ зарур аст, ки ҳамкориҳоро дар заминаи табодули иттилоот ва омӯзиш боз ҳам густариш диҳанд.
“Мо кайҳо боз итминон доштем, ки муттаҳид сохтани сохторҳои шумо имкониятҳои онҳоро васеътар мекунад. Ба шумо имкон медиҳад, ки натиҷаҳои беҳтар ба даст оред ва аз захираҳои мавҷуда самараноктар истифода баред. Бинобар ин ҳамкориҳоро дар оянда аз мубодилаи иттилоот фаъолона рушд додан лозим аст. Ба хусус ба амалиётҳоии муштараки махсус ва омодасозии кадрҳо”, - гуфт Путин зимни мулоқот бо раҳбарони ниҳодҳои истихборотии кишварҳои ИДМ.
Вай илова кард, ки сохторҳои истихборотии кишварҳои ИДМ дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои хатарнок қарор доранд.
“Шумо аз бисёр ҷиҳат вазифаҳои якхела доред: таъмини сулҳу субот дар кишварҳоятон, таҳкими истиқлолияти миллӣ, мусоидат ба рушди робитаҳои ҳамгироӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории мутақобила. Мо дар чунин кори муштарак таҷрибаи бой дорем ва мо бояд аз он ҳадди аксар истифода барем”, - афзуд Путин.
Лентаи хабарҳо
0