Пора барои дохил кардани хориҷиён: дар Қирғизистон вазири маорифро дастгир карданд- видео

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКонверт с долларовыми купюрами.
Конверт с долларовыми купюрами. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазир дар доираи парвандаи ҷиноӣ оид ба гирифтани пора ба миқдори махсусан калон боздошт шудааст ва тафтишот алайҳаш идома дорад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон вазири маориф ва илми ин кишвар Алмазбек Бейшеналиевр барои гирифтани пора дастгир кардаанд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, ӯ дар гирифтани 110 ҳазор доллар муттаҳам мешвад.
"Дар бораи гирифтани ришва ба миқдори махсусан калон (110 ҳазор доллар) ҳангоми шомил кардани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои ватанӣ тафтишот идома дорад", - афзудааст манбаъ.
Бейшеналиев солҳои 2020-2021 раҳбари Вазорати маориф ва илми Қирғизистон буд, вале баъдан аз мақом барканор ва сафир дар Швейтсария ва ҳамчунин намояндаи доимии Қирғизистон дар СММ таъин шуд.
Моҳи феврали соли равон Бейшеналиев боз ба вазифаи вазир таъин шуд.
Ахиран пешниҳоди ӯ дар мавриди гузаронидани Қирғизистон ба таҳсилоти 12-сола мавриди баҳсҳо дар ҷомеаи ин кишвар қарор гирифта буд.
Инчунин, дар назди ӯ директорони мактабҳо аз рӯи озмун интихоб шудан гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0