Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол бо кишварҳои СҲШ-ро эълон кард

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета национальных координаторов государств ШОС
Заседание Совета национальных координаторов государств ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ҷаласаи 21-умин як қатор пешниҳодҳоро барои густариши шарикӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар нимаи аввали соли 2022 68 дарсадро ташкил дод.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, дар ҳошияи суханронӣ дар ҷаласаи 21-уми вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой изҳор дошт.
"Зиёда аз 60 дарсади муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ буда, шарикони бузурги тиҷоратии ҷумҳурӣ Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд", - гуфт ӯ.
Мулоқот дар шакли онлайнӣ сурат гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ.
Завқӣ Завқизода қайд кардааст, ки равобити кишварҳои СҲШ пайваста инкишоф ёфта, ба сатҳи баланд мерасад.
Контейнерные перевозки грузов в порту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2022
Бандарҳои Эрон дар ихтиёри кишварҳои узви СҲШ гузошта мешаванд
Вай таъкид кард, ки густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин Созмон аз авлавиятҳои аслии Тоҷикистон аст.
Дар ҷаласа вазирони иқтисод ва тиҷорати кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Иштирокчиён як қатор пешниҳодҳоро оид ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, тиҷорати электронӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва афзоиши содирот, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0