Вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 35,4 фоиз иҷро кард

© Sputnik / В.СклярукХлопкоуборочные машины
Хлопкоуборочные машины  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Обуна шудан
Мақомоти Суғд мегӯяд ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони барои ғундоштани ҳосили аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода менамоянд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба санаи 28 сентябри соли равон нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 35,4 фоиз иҷро гардидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, пахтакорони вилоят то имрӯз 47307,9 тонна "тиллои сафед" - ро ҷамъоварӣ карда, ба хирман супоридаанд.
“Кишоварзони ноҳияи Спитамен то 28 сентябр нақшаро 54,7 фоиз, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 55,2 фоиз, ноҳияи Ҷаббор Расулов 48,7 фоиз, шаҳри Конибодом 38,8 фоиз, ноҳияи Мастчоҳ 31,3 фоиз, ноҳияи Зафаробод 21,1 фоиз, ноҳияи Ашт 19,2 фоиз иҷро намудаанд”, - хаббар додааси дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят идома дорад.
Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2022
Беш аз 73 ҳазор тон пахта ҷамъ шуд: То иҷрои нақша чӣ қадар монд?
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳолати нимаи сентябр дар Тоҷикистон зиёда аз 73 ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Зикр шудаст, ки соли равон дар ҷумҳурӣ бояд дар 186 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешуд, аммо тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ танҳо дар 181,5 ҳазор гектар чигит кишт шудаст.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи нақша, имсол кишоварзон 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.
Оғози ҷамъоварии пахта дар ҳолест, ки аксаран ғундоштани пахта дар ҷумҳурӣ дастӣ сурат мегирад, чун техника на ҳамеша дар бахши кишоварзии кишвар дастрас аст.
Бар асоси омори расмӣ, соли равон дар кишвар 36 мошини пахтачинӣ мавҷуд буда, аз он 27 адад барои ҷамъоварии пахта пурра омодаанд. Аз ин шумора 24 адад ба вилояти Суғд ва 11 адад ба вилояти Хатлон рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0