Небензя: раъйпурсӣ мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ гузаронида шуд

© Sputnik / Grigoriy Sisoev / Гузариш ба медиабонкПостоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал ба ҳамтоёнаш расонид, ки низоми Киев буд, ки минтақаҳоро аз худ дур кард ва барои ин худи ӯ гунаҳкор аст
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ҳамапурсиҳое, ки дар ҶМД, ҶМЛ ва вилоятҳои Херсону Запороже барпо гардиданд, комилан мувофиқи талабот ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ гузашт.
Дар ин бора Василий Небензя, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти созмон хабар дод.
"Раъйпурсӣ комилан мувофиқи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ баргузор шуд, новобаста аз он ки мухолифони ғарбии мо ва ҳатто Дабири кулл, ки ногаҳон тасмим гирифтанд, ки барои тамоми СММ суханронӣ кунанд, баръакс онро исбот кунанд", - гуфт Небензя.
Ба гуфтаи ӯ, беш аз сад нозири байнулмилалӣ, ки раванди овоздиҳиро пайгирӣ кардаанд, низ натоиҷи онро қонунӣ эътироф кардаанд.
"Имрӯз созишномаҳо дар бораи ворид шудани минтақаҳои нав ба Федератсияи Русия ба имзо расиданд. Ягон роҳи бозгаште нест, ки ба гардани мо бор карда шавад. Режими Киев... ин минтақаҳоро аз худ дур кард ва барои ин гунаҳкор аст. Тавре маълум мешавад, ҳукуматдоронӣ майдонӣ ягон хулосае барои худ набаровардаанд”, - хулоса кард намояндаи доимӣ.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин ба Киев қатъи оташу музокирот пешниҳод кард: Натиҷаи раъйдиҳӣ баррасӣ нахоҳад шуд
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ дар маросими имзои санади ҳамроҳшавии минтақао гуфт, ки дигар роҳи бозгашт нест ва амниту рушди минтақаҳоро таъмин хоҳанд кард.
Ӯ таъкид кард, ки мардум интихоби худро кард ва ин масъала дар сурати музокирот бо Киев баррасӣ нахоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, беш 87%-и сокинони вилояти Херсон ба тарафдории пайвастан ба Русия овоз доданд. Аз вуруди вилояти Запороже ба Русия зиёда аз 93%-и интихобкунандагон ҷонибдорӣ карданд.
Дар Маркази интихоботии ҶМЛ гуфтанд, ки зиёда аз 98% ба тарафдории ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Русия овоз доданд. Дохилшавии ҶМД ба Русияро беш аз 99%-и аҳолӣ дастгирӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0