Русия дар бораи ба таъхир андохтани даъвати тирамоҳӣ ба артиш хабар дод

Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ин тасмим ба сарбории зиёдатии комиссариатҳои ҳарбӣ дар робита ба сафарбаркунии қисман, ки дар қаламрави Русия эълон шуда буд, марбут аст
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар Русия мӯҳлати даъват ба артиш ба таъхир афтод. Дар ин бора котиби матбуотии президент Дмитрий Песков хабар дод.
Ҳамин тариқ, даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба хизмати ҳарбӣ ба ҷои 1 октябр аз 1 ноябри соли ҷорӣ оғоз мешавад.
Ин ба сарбории комиссариатҳои ҳарбӣ дар робита ба сафарбаркунии қисман, ки дар қаламрави Русия эълон шудааст, марбут аст.
"Ҳоло аз ҳисоби сафарбаркунии қисман комиссариатҳои ҳарбӣ бори гарони изофӣ доранд. Барои он ки ин сарбории зиёдатӣ зиёд нашавад, чунин тасмим гирифта шуд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Песков, чунин тасмим имкон медиҳад, ки ҷараёни сафарбаршуда ва даъватшаванда – даъватшавандагон аз ҳам ҷудо карда шавад.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармон дар бораи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ ба артишро имзо кард.
Тавре аз ин санад бармеояд, аз 1 ноябр то 31 декабр 120 ҳазор нафар аз 18 то 27-сола ба артиш даъват карда мешаванд.
Мужчины, призванные на воинскую службу в ходе частичной мобилизации возле военного комиссариата в Чите - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Басиҷи нисбӣ дар Русия чӣ гуна мегузарад? – гузориши аксӣ
Аз 21 сентябр Русия сафарбаркунии қисман ҷорӣ кард. Дар маҷмӯъ, сафарбар кардани тақрибан 300 ҳазор шаҳрвандон ба нақша гирифта шудааст. Ин тасмим дар робита ба баргузории амалиёти вижа дар Украина гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия аллакай лоиҳаи қонунеро қабул кардааст, ки ба хориҷиёне, ки бо Қувваҳои Мусаллаҳи РФ ба муҳлати на камтар аз як сол шартнома мебанданд, ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро бо тартиби содашуда пешбинӣ мекунад.
Дар Маскав ҳама масъалаҳоро метавон дар маркази муҳоҷирати Сахарово ҳал кард. Ин як равзанаи ҳалли масъалаҳои шуғли муҳоҷирон аст.
Лентаи хабарҳо
0