Тоҷикистон пас аз 15 сол бори аввал ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт

© ФФТНациональная сборная Таджикистана по футзалу
Национальная сборная Таджикистана по футзалу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мунтахаби Тоҷикистон бори охир соли 2007 ба даври 1/4 ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфта буд. Ҳамакнун бо шикаст додани мунтахаби Туркманистон ба ин давр роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё 2022 оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон бо ҳарифони худ аз Туркманистон бозӣ кард ва бо ҳисоби 8 бар 5 пирӯз омад.
Бози миёни ин ду тим дар маҷмааи варзишии “Саъд ал Абдулло” доир шуд.
Ҳамин тариқ, пасаз ин ғалаба футзалбозони тоҷик сеюмин дастае дар Ҷоми Осиё оид ба футзал шуданд, ки ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Аз ин пештар мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Эрон роҳхати марҳилаи плей-оффро соҳиб шуда буданд.
Сборная Таджикистана по мини-футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Мураббии футзал: вақти "ҷавон" кардани тими миллии Тоҷикистон фаро расидааст
Ба ҳамин минвол, дастпарварони Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ғолиби гурӯҳи “А” бозӣ мекунад. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон шоми якуми октябр муайян мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки бозиҳои марҳилаи ¼ -ниҳоӣ рӯзи 4-уми октябр доир шуда, даври ниҳоии мусобиқа рӯзи 8-уми октябр баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон бори охир понздаҳ сол қабл – соли 2007 ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0