Фоҷиа дар футбол: Теъдоди ҳалокшудаҳо баъди бозӣ аз 170 нафар гузашт - видео

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМашина скорой помощи в Таджикистане
Машина скорой помощи в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Теъдоди ҳалокшудаҳо бар асари издиҳому бетартибӣ дар як бозии футбол дар Индонезия ҳадди ақал 174 нафарро ташкил дода, садҳои дигар маҷруҳ шудаанд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Индонезия Ҷоко Видодо хостори таҳқиқи ҳамаҷонибаи ошӯбҳо дар бозии футболи лигаи аввали ин кишвар дар шаҳри Маланг шуд, ки боиси марги дастаҷамъӣ гардид, иттилоъ дод хабаргузории миллӣ ANTARA.
Манбаъ аз қавли муовини волии вилояти Яваи Шарқӣ овардааст, ки бар асари издиҳом дар варзишгоҳи шаҳри Маланг дастикам 174 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар пасманзари ин фоҷиа президент ба раҳбарияти полиси кишвар ва Ассотсиатсияи футболи Индонезия дастур дод, ки қазияро ҳамаҷониба тафтиш кунанд. Бозиҳои чемпионат то рӯшан кардани ҷузъиёти қазия мутаваққиф шудаанд.
"Мо бояд итминон дошта бошем, ки иштибоҳҳое, ки боиси фоҷиа шуданд, такрор нахоҳанд шуд. Бояд ин фоҷиаи футболро охирин фоҷиаи таърихи кишвар гардонем", - изҳор доштаст Видод дар муроҷиат ба мардум.
Маврид ба зикр аст, ки издиҳому бетартибӣ дар варзишгоҳ шоми 1 октябр пас аз бозии лигаи якуми Индонезия байни дастаҳои "Арема" (Маланг) ва "Персебая" (Сурабая) ба амал омад. Дар ин сабқат тими "Арема" бори аввал дар 22 сол боз дар майдони худ мағлуб шуд.
Дар анҷоми бозӣ мухлисон вориди майдон шуда, даст ба бетартибиҳо задаанд. Барои ором кардани вазъ пулис аз гази ашковар истифода кардааст, ки дар натиҷа дар яке аз баромадгоҳҳо издиҳом ба вуҷуд омада, боиси маргу ҷароҳати одамон гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0