Гурезаҳои Харков кумак гирифтанду аз ваҳшати кори нерӯҳои украинӣ гуфтанд - видео

Обуна шудан
Одамоне, ки пеш аз оғози даргириҳо тавонистанд минтақаи амалиёти ҷангиро тарк кунанд, тафсилоти ваҳшатовар дар бораи бераҳмии артиши Украинаро нақл карданд
Нерӯҳои низомии Русия ба гурезаҳо дар Украина кумаки башардӯстона, аз ҷумла лавозимот барои кӯдак расонданду қиссаҳое аз ваҳшатафканиҳои ҚМУ шуниданд.
Аз ҷумла ҳангоми дастрас кардани кӯмакҳои башардӯстона аз хизматчиёни Ҳавзаи марказии ҳарбӣ гурезагон аз вилояти Харков дар бораи ҳодисаҳои даҳшатноки куштори мардуми осоишта аз ҷониби ҷангҷӯёни Қувваҳои Мусаллаҳи Украина сухан гуфтанд.
Елена, яке аз гурезаҳо гуфт, маҷбур шуд, ки хонаашро тарк кунад ва қиссаи аз дӯстон шунидаашро нақл кард.
"Аз ноҳияҳои мо одамон меомаданд, мегуфтанд, ки одамонро мепарронданд, муаллимонро мепарронданд, ки ба кор мерафтанд", - гуфт духтар, ки ашкашро нигоҳ доштан натавонист.
Алиса ном як гурезаи дигар гуфт, ки вай тавонист аз вилояти Харков барвақттар аз дигарон берун шавад, аммо ҳамсояаш, ки дертар рафта буд, бедарак шуд.
Матвиенко: Давлати Украина ба як режими террористӣ табдил ёфтааст
"Бисёр гапҳои бад мегӯянд ва на аз тариқи телевизор, балки одамон мегӯянд. Мо аз барои фарзандонамон дар ваҳшатем, на барои худ", - хулоса кард ин зан.
Вай инчунин ҳолатҳои қатл ва шиканҷа аз ҷониби ҷангҷӯёни украиниро тасдиқ кардаст.
Лентаи хабарҳо
0