Иди беш аз 130 ҳазор нафар дар Тоҷикистон: Вазир аз болоравии маошу мукофотпулӣ гуфт

© Unsplash/Taylor WilcoxКласс детей и учитель
Класс детей и учитель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Иди омӯзгорон дар Тоҷикистон бо баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад, ки соли равон ба 2 октябр рост омад.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар суҳбат бо "Ховар" аз эътибори бузурги муаллим дар назди давлат гуфта, ба сифати далел қабули якчанд барномаҳои давлатӣ, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилотро зикр кардст.
"Бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассиреанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо корбаст шудаанд", - афзудаст ӯ.
Школьники в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Раиси Суғд омӯзгоронро шодбош гуфту аз ихтисоси 1 млрд сомонӣ хабар дод
Таъкид гардидаст, ки бо мақсади ҷалби бештари омӯзгорони ҷавон ба таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ҳукумат якчанд имтиёзҳоро пешбинӣ кардааст, ки барои амалӣ гардидани онҳо Вазорати маориф ва илм талош меварзад.
Ахиран масъулини маориф ва илми Тоҷикистон иброз доштанд, ки 1 сентябри соли равон 4 ҳазор муассисаи таълимӣ дари худро ба рӯи хонандагон боз намуданд.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки дар ин муаассисаҳо беш аз 2 млн нафар таҳсил карда, ҳудуди 130 ҳазор омӯзгор ба онҳо дарс медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0