Санади пайвастшавии 4 субъекти нав ба Русия пешниҳоди Думаи давлатӣ шуд

© Sputnik / Владимир БарановВывеска на здании Государственной Думы РФ.
Вывеска на здании Государственной Думы РФ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2022
Обуна шудан
Созишномаҳо дар бораи вуруди ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Херсон ва Запороже ба Русия аз ҷониби парлумон тасвиб хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Асноди пайвастшавии 4 субъекти нав ба Русия аз ҷониби Додгоҳи конститутсионии кишвар ҷонибдорӣ ёфта, аллакай вориди Думаи давлатӣ шудаанд.
Муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури ИДМ Виктор Водолатский дар таъйиди ин хабар ба РИА "Новости" гуфтаст, созишномаҳо дар бораи вуруди ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск ва вилоятҳои Херсону Запороже рӯзи 3 октябр баррасӣ хоҳанд шуд.
Бар асоси қарори додгоҳи конститутсионӣ субъектҳои нав номашонро зимни пайвастшавӣ ба Русия ҳифз карда, созишнома аз рӯзи имзояш мавриди амал қарор мегирад.
Спасатели МЧС ДНР поднимают флаг РФ над центром Донецка  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2022
Дар Думаи давлатӣ гуфтанд, раванди баргардондани заминҳои Русия ҳанӯз анҷом наёфтааст
Забони русӣ дар ин қаламравҳо давлатӣ эълон шуда, таъкид гардидаст, ки барои омӯзиши забонҳои дигари модарӣ тамоми шароит фароҳам мешавад.
Интизор меравад, дар пайи тасвиби созишномаҳо аз сӯи Думаи давлатӣ Шӯрои федератсия онро баррасӣ ва қабул хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки 30 сентябр санади пайвастшавии 4 субъекти нав - ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ба ҳайати ФР имзо шуд. Президенти Русия, Владимир Путин гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.
Раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, сокинон ба ҷонибдорӣ аз пайвастшавӣ ба Русия овоз доданд.
Лентаи хабарҳо
0