Собиқ мақомдори Пентагон гуфт, кӣ метавонист лӯлаҳои газро тарконад

© Командование обороны ДанииМесто утечки газа на газопроводе "Северный поток 2"
Место утечки газа на газопроводе Северный поток 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Силсилаи таркишҳо дар лӯлаи зериобии гази Русия барои шумораи маҳдуди кишварҳое фоидаовар мебошад, метавонанд ба ин тахрибкорӣ даст зада бошанд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҳамла ба лӯлаҳои гази "Маҷрои Шимол" ва "Маҷрои Шимол - 2"-ро танҳо ду давлат анҷом дода метавонист.
Ин нуктаро полковники мустаъфии амрикоӣ, собиқ мушовири аршади раҳбари Пентагон Дуглас Макгрегор зимни суҳбат дар саҳифаи "Judging Freedom"-и "Youtube" баён доштаст.
"Бубинед, ки кадом ниҳодҳои давлатӣ тавоноии ин корро доранд. Ин нерӯи баҳрии шоҳигарии Бритониё ва қувваҳои дарёии Иёлоти Муттаҳида мебошанд. Ман фикр мекунам, ки ин хеле равшан аст", - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи ин низомӣ, аз ҷиҳати сохтор лӯлаҳо хеле мустаҳкам сохта шудаанд, аз ин рӯ барои осеб дидани онҳо миқдори зиёди маводи тарканда лозим аст.
Илова бар ин, Макгрегор ба номувофиқатии иттиҳомоти зидди Маскав ишора кард, зеро он аз ҳисоби лӯлаи газ даромади зиёд дошт.
Инчунин, чунин икдом барои Олмон, чун гирандаи асосии манобеи нерӯ, зараровар арзёбӣ гардидаст.
Президент США Джо Байден выступает с речью после массовой стрельбы в начальной школе в Техасе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Русия аз Амрико посух мехоҳад, ки дар садамаи лӯлаи “Маҷрои шимолӣ” даст дорад ё на
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи изтирорӣ дар лӯлаҳо дар ҷанубу шарқ ва шимолу шарқи ҷазираи Борнҳолм рух додааст. Ба гуфтаи мақомоти Шветсия ва Дания, ду шикоф дар лӯлаи гази "Маҷрои шимол" ва як адад дар "Маҷрои шимол-2" сабт шудааст.
Қаблан котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков истисно накард, ки рахнаи лӯлаи газ метавонад паёмади тахрибкории ҳадафмандона бошад.
Ҳодисаҳои ихроҷи газ аз лӯлаҳо дар натиҷаи таркишҳо рух доданд, гуфтдар навбати худ вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде.
Лентаи хабарҳо
0