Рақиби яккачини футзали Тоҷикистон дар чорякниҳоии ҶО-2022 муайян шуд

© ФФТНациональная сборная Таджикистана по футзалу
Национальная сборная Таджикистана по футзалу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2022
Обуна шудан
Ҳарифи тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал дар бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Кувайт идома дорад, муайян шуд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Футзалбозони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо дастаи мунтахаби Тайланд сабқат мекунад, хабар дод телевизиони "Варзиш".
Ба иттилои манбаъ, дастаи Тоҷикистон бо тими Таиланд, ки бо касби 7 имтиёз дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб кард, 4 октябр вориди майдон мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон бори охир соли 2007 ба даври 1/4 ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфта буд.
Соли равон дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё 2022 оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон бо ҳарифони худ аз Туркманистон бозӣ кард ва бо ҳисоби 8 бар 5 пирӯз омад.
Сборная Таджикистана по мини-футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Шикасти футзалбозони тоҷик аз ҳамтоёни ӯзбекашон дар Ҷоми Осиё-2022
Ҳамин тариқ футзалбозони тоҷик сеюмин дастае дар Ҷоми Осиё оид ба футзал шуданд, ки ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Аз ин пештар мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Эрон роҳхати марҳилаи плей-оффро соҳиб шуда буданд.
Бозиҳои марҳилаи ¼ -ниҳоӣ рӯзи 4-уми октябр доир шуда, даври ниҳоии мусобиқа рӯзи 8-уми октябр баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон бори охир понздаҳ сол қабл – соли 2007 ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0