Ҷаҳиши қурби пули русӣ дар Тоҷикистон: Арзномаи БМТ

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Обуна шудан
Дар бозори асъори Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ дар сатҳи пешина боқӣ монда, арзиши рубли Русия ба таври назаррас боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Қарби 1 ҳазор рубли Русия дар бозори асъори Тоҷикистон дар оғози ҳафтаи ҷадид 168,9 сомониро ташкил дод, хабар дод Бонки миллии ҷумҳурӣ. Ин нишондод охири ҳафтаи гузашта 167,8 сомониро ташкил медод.
Манбаъ афзуд, ки арзиши доллари амрикоӣ дар сатҳи нишондоди охири ҳафтаи гузашта нигоҳ дошта шуда, 10.22 сомониро ташкил медиҳад. Қурби евро каме боло рафта, дар сатҳи 9.9921 сомонӣ қарор дорад.
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ зикр гардидаст, ки 1 доллари ИМА аз 10.2200 то 9.8500 сомонӣ, 1 евро аз 9.9921 то 9.70 сомонӣ, 1 ҳазор рубли русӣ аз 168,9 то 190 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Қурби рублу доллар дар моҳи октябр чун хоҳад буд?
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид гардидаст, ки ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Ин болоравӣ дар ҳолест, ки ахиран дар биржаи Маскав низ қурби рубли русӣ майл ба устуворӣ ниҳод.
Дар моҳи октябр қурби доллар метавонад аз 50 то 70 рублро ташкил диҳад. Дар ин бора коршиноси бозори саҳомии "БКС Мир инвестиций", Дмитрий Бабин хабар дод. Аммо итминон вуҷуд надорад, ки қурб ҳадди ақал чанд соат дар сатҳи расида боқӣ мемонад, афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0