Дар шаҳри Хуҷанд кӯчае ба номи Ҳамро Тоҳирова гузошта мешавад

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ХуҷандҚаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ, Ҳамро Тоҳирова
Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ, Ҳамро Тоҳирова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд номнадоштаи микроноҳияи 1 -уми шаҳри Хуҷанд ба номи Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Мутобиқи пешниҳоди комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии мақомоти шаҳри Хуҷанд ва тасдиқи вакилони шаҳрӣ номи яке аз кӯчаи номнадоштаи микроноҳияи 1 -уми шаҳри Хуҷанд ба номи Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ, Ҳамро Тоҳирова гузошта мешавад, иттилоъ додааст шаҳрдории Хуҷанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар иҷлосияи охири Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд чунин иқдом пазироӣ карда шуд.
Ҳамро Тоҳирова 8-уми марти соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1941 дар синни 17- солагиаш ҳамчун бофандаи фабрикаи “Бофандаи Сурх” оғоз намуда, аз соли 1952 то ба нафақа баромадан то соли 1974 бофандаи комбинати абрешими шаҳри Ленинобод буд.
Ӯ дар ин коргоҳ зарбдорона меҳнат намуда, супоришҳоро барзиёд ба иҷро мерасонд. Соли 1965 сарбаландона аз зиммаи иҷрои супориш баромадани Ҳамро Тоҳироваро ба назар гирифта, ба ў унвони олии “Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ” дода шудааст.
Дамирбек Олимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Пешниҳоди номгузории мактабе дар вилояти Суғд ба номи Дамирбек Олимов
Соҳибунвон гардиданаш ўро чун қаҳрамони халқии арсаи меҳнат ба халқи шўравӣ шиносонидааст. Дастовардҳои меҳнатии ӯ воқеан ҳам бузург буда, чун ходими давлатию ҳизбӣ дар анҷуманҳои XIV-XVIII Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва XXIII-XXIV Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, конференсияи коркунони соҳаи саноати сабук ва бофандагии Иттиҳоди Шўравӣ (соли 1973) иштирок карда, солҳои 1964-1974 аъзои кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон будааст.
Заҳматҳои пурсамари Ҳамро Тоҳирова аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонӣ карда шуда, бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ, ордени Ленин ва медали ситораи тиллоии “Дос ва болға”, медалҳо ва ифтихорномаҳои ҳукуматӣ, шаҳрванди Фахрии Хуҷанд сарфароз гардонида шудааст.
Ҳамро Тоҳирова санаи 2-юми июли соли 2021 дар синни 97 – солагиаш вафот кардааст.
Ҳамчунин манбаъ хабар додааст,ки дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум дар бораи гузоштани нимпайкараи Ҳаким Карим дар назди бинои баландошёнаи сохташудаистодаи маҳаллаи Раззоқ, кўчаи Ҳаким Карим низ қарор қабул карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0